Ду тилло, се нуқра ва чаҳор биринҷӣ. Паҳлавонони тоҷик аз Ҷоми ҷаҳони самбо 9 медал гирифтанд

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон 9 медал, 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 15 варзишгар намояндагӣ карданд. Дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонони тоҷик аз намуди самбои варзишӣ се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд: – Анӯшервон Назарзода, […]

Asia-Plus

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон 9 медал, 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 15 варзишгар намояндагӣ карданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонони тоҷик аз намуди самбои варзишӣ се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд:

– Анӯшервон Назарзода, 58 кг (медил нуқра);

– Комроншоҳи Устопириён, 98 кг (медали биринҷӣ);

– Хуршед Маҷидзода, +98 кг (биринҷӣ).

Ҳамчунин, дар рӯзи дуввуми мусобиқа паҳлавонони тоҷик аз намуди самбои размӣ 6 медал гирифтанд: 

– Фаридун Одилов дар вазни то 98 кг (мадали тилло);

– Халид Толибзода дар вазни то 88кг (мадали тилло)

– Ҷумахони Ҳусaйн дар вазни то 98 кг (медали нуқра);

– Мустафо Алибеков дар вазни то 88 кг (медали нуқра);

– Исфандиёр Холов дар вазни то 79 кг (медали биринҷӣ)

– Саймуҳаммад Исматзода дар вазни ҷамъи 98 кг (медали биринҷӣ). 

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа намояндагони 9 кишвар – Беларус, Булғористон, Маҷористон (Венгрия), Қазоқистон, Қирғизистона, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Мусобиқа аз рӯйи ду навъи самбо – варзишӣ ва размӣ баргузор шуда, дар 14 вазн ҷараён гирифт.

Имсол Ҷоми ҷаҳонии самбо дар якчанд марҳила баргузор мешавад. Даври аввали тобистон дар Ирвон – пойтахти Арманистон доир гардида, дар он низ самбочиёни тоҷик ду медал ба даст оврданд. Дар рақобатҳои самбои размӣ дар вазни 64 кг Беҳрӯз Ҳалимов қаҳрамон шуда, дар самбои варзишӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни 98 кг медали нуқра ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.