Мӯҳлат ба охир расид. Чаро нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра барқӣ нашуд?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи 1-уми сентябр охирин муҳлат барои нақлиёти ҷамъиятӣ барои гузариш ба истифодаи нақлиёти барқӣ (электромобил) буд. Дар ин бора қарори шаҳрдори пойтахт аз 4-уми июни соли 2024, таҳти №362 содир шуда буд. То куҷо ин қарор иҷро гардид? Бо ин суол ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардем.

Дар посухи расмии Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе зикр мешавад, ки ҳадаф пурра иҷро нагардид, аммо пешрафт мушоҳида мешавад ва иҷрои қарор идома дорад.

 

Аллакай чӣ корҳо иҷро шуданд?

Мувофиқи маълумоти шаҳрдории Душанбе:

– Аз 12 000 нақлиёти барқии кирокаши дар нақша пешбинигардида, 11 640 нақлиёти барқӣ аллакай фаъолият мекунанд. Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки ширкатҳи кирокаши ба низоми барқӣ нагузашта, аз ҳақи кор маҳрум шуданд.

– Дар истгоҳҳои ширкатҳои кирокаши хадамотрасон 112 адад нуқтаи нерӯдиҳӣ насб карда шуданд.

– Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри сабз” насби 738 адад нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар кӯчаҳо оғоз шуд. Аз ин миқдор 286 нуқта аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар як вақт метавонанд ба то 572 электромоил нерӯ диҳанд.

– Аз соли 2023 дар Душанбе дар корхонаи муштараки Akiya Avesto Automotive Industry истеҳсоли автобусҳои барқӣ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз 60 электробус ба тавозуни корхонаи коммуналии “Автобус-1” дода шуда, дар хатсайри автобусҳои №3, №8 ва №18 равуо мекунанд.

– Дар бораи таҳвили боз 30 автобуси нави барқӣ қарордод ба имзо расонида шудааст.

– Иншооти зерсохтори нерӯдиҳӣ барои онҳо аллакай мавриди истифода қарор дода шудааст.

Минбаъд чӣ корҳо дар назар аст?

Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, амалисозии лоиҳа дар доираи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, идома дорад.

Самтҳои афзалиятноки барнома:

– васеъ кардани шабакаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ;

– афзоиши ҳиссаи истеҳсолоти ватанӣ;

– харидории минбаъдаи автобусҳои барқӣ;

-рушди лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Шаҳри сабз”.

Гузариш ба нақлиёти барқӣ раванди бузургмиқёс ва марҳила ба марҳила аст, бахусус дар шароити буҷети маҳдуд ва мушкилиҳо дар зерсохтор.

Парки кирокашҳои шаҳр қариб пурра нав шуда, истеҳсоли электробусҳо дар дохил роҳандозӣ ва насби шабакаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ҷараён дорад. Лекин дар мавриди душвориҳо, тасҳеҳи муҳлатҳои иҷрои нақша ва иқдомҳои минбаъда саволҳо ба миён меоянд. Дар ин хусус шаҳрдорӣ ҳоло посухҳои мушаххас намедиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...