“Дастикам аз 7 кас тамаъҷӯӣ кард”. Боздошти як ҷавон бо гумони тамаъҷӯӣ аз зане барои фош кардани муносибати маҳрамонааш

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ боздошт шудааст. Ӯ аз ҷумла бо зане робитаи маҳрамона дошта, бо таҳдид аз ӯ 1600 доллар гирифтааст. Ҳамчунин, дастикам 7 касро фиреб дода, аз 4 то 20 ҳазор сомонии онҳоро аз худ кардааст. Дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шудааст, аз гумонбаршуда Бӯстонҷон […]

Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ боздошт шудааст. Ӯ аз ҷумла бо зане робитаи маҳрамона дошта, бо таҳдид аз ӯ 1600 доллар гирифтааст. Ҳамчунин, дастикам 7 касро фиреб дода, аз 4 то 20 ҳазор сомонии онҳоро аз худ кардааст.

Дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шудааст, аз гумонбаршуда Бӯстонҷон Абдураҳмонови 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ном бурда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Абдураҳмонов баъди муносибати маҳрамона бо зане ӯро таҳдид кардааст, ки дар бораи ин робита ба шавҳару аъзоёни оилааш хабар медиҳад ва аз ҷабрдида ду маротиба 1600 доллар маблағ гирифтааст: моҳи июли имсол 1 ҳазор доллар ва охири моҳи август боз 600 доллари дигар.

Дар навор зикр мешавад, ки Бӯстонҷон Абдураҳмонов баъди шикояти ин зан дастгир шудааст.

ВКД гуфтааст, дар раванди тафтишот чанди кирдори дигари Абдураҳмонов ошкор шудааст. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2024 Абдураҳмонов аз волидони як даъватшаванда бо ваъдаи озод кардан аз хидмати ҳарбӣ 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале дар иваз барои ӯ коре анҷом надодааст.

Аз ин пештар ҳам, моҳи октябри соли 2023 низ Абдураҳмонов айнан чунин кирдор содир кардааст: аз падари як даъватшаванда барои "озод кардан" аз хидмат мошинеро гирифтааст, ки арзишаш 14 ҳазор сомонӣ будааст.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда худро ҳамчун кормандани мақомоти давлатӣ муаррифӣ карда ва ба ҷабрдидагон ваъдаи миёнаравӣ медодааст.

Мақомот мегӯяд, ин шахс дар гузашта низ 2 маротиба зиндонӣ шудааст, вале дақиқ нест, ки кай ва бо чӣ иттиҳом равонаи зиндон гардидааст.

Дар наворе ки ВКД пахш кард, гарчанде Абдураҳмонов аз иттиҳомот номе намебарад, вале изҳори пушаймонӣ мекунад.

“Аз корҳои кардаам ҳазор бор пушаймонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамин корҳоро дигар такрор накунам. Минбаъд сарамро хам карда, ба қонун риоят карда мегардам”, – мегӯяд гумонбаршаванда.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Ҳоло Бӯстонҷон Абдураҳмонов дар боздошт аст ва барои тамаъҷӯӣ (моддаи 250, қисми 3, банди "г") ва қаллобӣ (247, қисми 4, банди "б")-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар мебошад.

Моддаи аввалӣ аз 12  то 15 соли зиндон ва дуввумӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомот пайваста аз боздошти нафарони алоҳида барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ хабар медиҳанд. Аз ҷумла, ВКД гуфт, дар 6 моҳи соли равон 2 ҳазору 356 ҳолати қаллобӣ ва 33 ҳалоти тамаъҷӯӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.