Русия 400 нафареро, ки дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуданд, боздошт кардааст

Asia-Plus

Мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025 400 нафар зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд.

Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, ҳамтои тоҷикаш, иттилоъ дод.

“Агар соли гузашта тавассути мақомоти маҳаллии мо ҳудуди 260 нафар аз афроди таҳти таъқиби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда бошанд, пас дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 400 кас расидааст”, – изҳор доштааст Колоколтсев.

Аммо ӯ нагуфтааст, ки аз ин теъдод чанд нафар ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бораи маълумот надодаанд ва мавқеи онҳо дар ин робита рӯшан нест. Ҳамчунин, на вазири умури дохилии Русия ва на ҳамтои тоҷики ӯ нагуфтаанд, ки оё дар ин муддат бо дархости мақомоти Русия дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони Русия боздошт шудаанд ё не.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот вазири рус таъкид кардааст, ки “тағйири шаҳрвандӣ набояд василаи фирор аз масъулият бошад”.

Дар вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот, Нақшаи кории ниҳодҳои зери раҳбариашон барои соли 2026 ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...