Русия 400 нафареро, ки дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуданд, боздошт кардааст

Мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025 400 нафар зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд. Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, ҳамтои тоҷикаш, иттилоъ дод. “Агар соли гузашта тавассути мақомоти маҳаллии мо […]

Asia-Plus

Мақомоти интизомии Русия давоми 8 моҳи соли 2025 400 нафар зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд, боздошт кардаанд.

Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, ҳамтои тоҷикаш, иттилоъ дод.

“Агар соли гузашта тавассути мақомоти маҳаллии мо ҳудуди 260 нафар аз афроди таҳти таъқиби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда бошанд, пас дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 400 кас расидааст”, – изҳор доштааст Колоколтсев.

Аммо ӯ нагуфтааст, ки аз ин теъдод чанд нафар ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бораи маълумот надодаанд ва мавқеи онҳо дар ин робита рӯшан нест. Ҳамчунин, на вазири умури дохилии Русия ва на ҳамтои тоҷики ӯ нагуфтаанд, ки оё дар ин муддат бо дархости мақомоти Русия дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони Русия боздошт шудаанд ё не.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот вазири рус таъкид кардааст, ки “тағйири шаҳрвандӣ набояд василаи фирор аз масъулият бошад”.

Дар вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот, Нақшаи кории ниҳодҳои зери раҳбариашон барои соли 2026 ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио