Дар Тоҷикистон аз 1 октябр низоми нави анҷоми расмиёти гумрукӣ роҳандозӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Анҷоми расмиёти воридот ва содироти молу маҳсулот, инчунин воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз 1 октябри соли равон тариқи низоми иттилоотии “АСИКУДА” ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иқдоми мазкур “иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамисозии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ” маънидод мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин робита, ҷиҳати муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мазкур манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз 2 соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.

“Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, анҷоми расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро мегирад”, – шарҳ додаанд дар Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, низоми нав ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

“Иқдоми мазкур як марҳилаи муҳим дар самти рақамисозии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад”, – илова шудааст дар хабари Хадамот.

Низоми худкор (автоматӣ)-и коркарди маълумоти гумрукӣ (ASYCUDA) як воситаи компютерӣ барои назорат ва маъмурисозии идоракунӣ дар гумрук аст.

Низоми мазкур аз ҷониби Конфронси СММ оид ба савдо ва рушди ЮНКТАД таҳия шуда, айни замон дар 80 кишвар муваффақона мавриди истифода қарор гирифтааст.   

ASYCUDA ба худкор гардонидани мониторинги амалиёти гумрукӣ ва назорати самараноки ҷамъоварии андозҳои гумрукӣ имкон медиҳад, зеро ин низом ба таври худкор сабтҳоро санҷида, андозҳоро ҳисобу китоб мекунад ва ҳамаи он чизи марбут ба ҳар як эъломияро бо дахолати ҳадди камтарини субъективии омили инсонӣ ба инобат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...