Ҳалокати беш аз 50 кас дар пайи садамаҳои “мототсикл” ва “скутер”-ҳо дар Тоҷикистон

Давоми соли равон дар Тоҷикистон дар пайи 140 садамаи “мототсикл”-у “скутер”-ҳо 51 тан ҷон бохта, 122 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД менависад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ бо иштироки “мототсикл”-у “скутер” ва дучархаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар амалиёти “Скутер”-ро оғоз кардаанд, ки то 25-уми сентябр […]

Asia-Plus

Давоми соли равон дар Тоҷикистон дар пайи 140 садамаи “мототсикл”-у “скутер”-ҳо 51 тан ҷон бохта, 122 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД менависад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ бо иштироки “мототсикл”-у “скутер” ва дучархаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар амалиёти “Скутер”-ро оғоз кардаанд, ки то 25-уми сентябр идома меёбад.

Ҳадафи ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти ҳаракати сокинону мусофир гуфта мешавад.

Пулиси Душанбе чанд рӯз пеш гуфта буд, дар доираи ин амалиёт ва амалиёти “тасмаи бехатарӣ” 176 ҳазору 231 далели қоидавайронкунӣ дар роҳро ошкор кардааст. Аммо ин ниҳод нагуфтааст, ки дар натиҷаи, чанд нафар ҷазо гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки охири соли 2024 ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати “скутерҳо” ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт дар кишвар дар идораи онҳо қоидаҳои нав қабул шуд. Ҳамакнун  ҳамаи скутерҳое, ки суръати онҳо аз 40 км/соат зиёд аст ва муҳаррикашон ҳаҷман 50 кубометрро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шаванд. Соҳибони чунин нақлиёт бояд барои онҳо рақами давлатӣ бигиранд.

Ба иттилои БДА, ронандагони бидуни ҳуҷҷат ва сабти ном барои риоя накардани қоидаҳо мутобиқи моддаи 310-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима мешаванд. Ҷарима аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад (1 нишондиҳанда = 75 сомонӣ).

Ҳангоми санҷиш, ронандагони скутер бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

– шаҳодатномаи ронандагӣ;

– шаҳодатномаи сабти ном;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият;

– санади суғуртаи ҳатмии шаҳрвандии нақлиёт.

Бар иловаи рақами давлаӣ, ҳамчунин соҳибони скутерҳо вазифадор шудаанд, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт) ва ҳуҷҷат барои нобудсозии нақлиёт гиранд. Арзиши шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт)-и скутерҳо 280 сомонӣ, пули рақами қайди давлатӣ 270-280 сомонӣ муайян шуда, инчунин, барои нобуд сохтан (утилизатсия)-и нақлиёти 360 сомонии дигар мепардозанд.

Дар чанд соли охир фаъолияти колорасонӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кардаву чандин ширкатҳо фаъол гардиданд ва аксари онҳо бо скутеру мопедҳо хидматрасонӣ мекунанд.

Дастикам 3 сол пеш, “Азия-Плюс” ин масъаларо ба баррасӣ кашида, зарурати гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои ронандагони ин навъи нақлиётро таъкид карда буд. Муфассал метавонед дар ин пайванд мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.