Боздошти як шаҳрванди 44-солаи хориҷӣ бо гумони ташкили қиморхона дар бинои корхонаи “Нассоҷии тоҷик”

Asia-Plus

Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накардааст. Вале гуфтааст, ӯ дар бинои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) се ҳуҷраро ба иҷора гирифта, дар он қиморхона ташкил кардааст.

“Номбурда 17 дастгоҳи махсуси қиморбозӣ, мизу курсӣ, ҷевонҳои оҳанин ва дигар таҷҳизоти лозимаро омода карда, барои бозии бурднок  муҳити мувоффиқу шароити муносибро фароҳам овардааст. Зимни тафтишот маълум гардид, ки номбурда аз ин фаъолияти ғайриқонунии худ маблағи зиёд ба даст меовард”,- гуфта мешавад дар гузориши мақомот.

Мақомот гуфтаанд нисбати гумонбар барои ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ (моддаи 240 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.

Тибқи моддаи мазкур, ба гумонбар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Маълум нест, ки ин мард шаҳрванди кадом кишвар аст ва чанд муддат боз дар шаҳри Душанбе қиморхона ташкил кардааст. Аз Раёсати ВКД дар пойтахт ба “Азия-Плюс” ҷузъиётро шарҳ надоданд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳамчунин зимни амалиёт 7 шаҳрвандро ҳангоми машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт кардааст.

Дар ҳоле ки назари онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест, мақомот мегӯянд нисбати ҳар кадомашон бо муқарароти моддаи 465-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Қиморбозӣ) парванда боз карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Ин моддаи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ вобаста ба бандҳояш аз 12 то 400 нишондиҳанда (аз 900 то 30 ҳазор сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино) дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...