Боздошти як шаҳрванди 44-солаи хориҷӣ бо гумони ташкили қиморхона дар бинои корхонаи “Нассоҷии тоҷик”

Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накардааст. Вале гуфтааст, ӯ дар бинои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) се ҳуҷраро ба иҷора гирифта, дар он қиморхона ташкил кардааст. “Номбурда 17 дастгоҳи махсуси қиморбозӣ, мизу курсӣ, ҷевонҳои оҳанин ва дигар таҷҳизоти лозимаро омода карда, барои бозии бурднок  муҳити мувоффиқу […]

Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накардааст. Вале гуфтааст, ӯ дар бинои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) се ҳуҷраро ба иҷора гирифта, дар он қиморхона ташкил кардааст.

“Номбурда 17 дастгоҳи махсуси қиморбозӣ, мизу курсӣ, ҷевонҳои оҳанин ва дигар таҷҳизоти лозимаро омода карда, барои бозии бурднок  муҳити мувоффиқу шароити муносибро фароҳам овардааст. Зимни тафтишот маълум гардид, ки номбурда аз ин фаъолияти ғайриқонунии худ маблағи зиёд ба даст меовард”,- гуфта мешавад дар гузориши мақомот.

Мақомот гуфтаанд нисбати гумонбар барои ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ (моддаи 240 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.

Тибқи моддаи мазкур, ба гумонбар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Маълум нест, ки ин мард шаҳрванди кадом кишвар аст ва чанд муддат боз дар шаҳри Душанбе қиморхона ташкил кардааст. Аз Раёсати ВКД дар пойтахт ба “Азия-Плюс” ҷузъиётро шарҳ надоданд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳамчунин зимни амалиёт 7 шаҳрвандро ҳангоми машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт кардааст.

Дар ҳоле ки назари онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест, мақомот мегӯянд нисбати ҳар кадомашон бо муқарароти моддаи 465-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Қиморбозӣ) парванда боз карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Ин моддаи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ вобаста ба бандҳояш аз 12 то 400 нишондиҳанда (аз 900 то 30 ҳазор сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино) дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.