“Ягон имтиёз нест”. Баъди қабули қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ чӣ ҳол доранд?

Шоираи Қудрат, Бахтиёри Раҳматулло

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли равон қонуни соҳибкории иҷтимоӣ қабул гардид. Ин қонун ба соҳибкороне, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро дастгирӣ мекунанд, сабукиҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ кард. Вале худи соҳибкорон мегӯянд, бо гузашти 7 моҳ ҳеҷ тағийроте дар фаъолияти онҳо ба назар намерасад. 

Яке аз ин ташкилотҳо, созмони ҷамъиятии “Ирода” аст, ки ба қишри осебпазири аҳолӣ, кӯдакони дорои аутизм кӯмак мекунад.

“Мувофиқи қонуни қабулшуда, 50% фоидаи бадастомада бояд дубора ба фаъолияти оинномавии ташкилот сармоягузорӣ шавад. Дар “Ирода” бошад, имрӯз 100% даромад дубора сармоягузорӣ мешавад. Гарчанд қонун фаъолияти моро, ки аллакай амалкунанда аст, пуштибонӣ кард, вале дар амал барои ТҶ “Ирода” ягон тағйироти куллӣ ворид накард”, – гуфт Лола Насриддинова, директори ТҶ "Ирода".

Аз Кумита давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сабаби то ҳол дар амал татбиқ нагардидани имтиёзҳои дар қонун пешбинишударо омода набудани заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ ва “Феҳристи бақайдгирии субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ” гуфтанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, интизор меравад, то як моҳи оянда феҳристи субъектҳо ва заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ омода шавад.

Собир Вазиров, намояндаи Кумитаи андоз дар нишасти матбуотии тобистони соли равон гуфт, то имрӯз ба кумита барои бақайдгирии соҳибкории иҷтимоӣ касе муроҷиат накардааст.

Дар ҳолати татбиқ гардидани қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ аз имтиёзҳои гуногун бархурдор мешаванд. Ин аз имтиёзи андозӣ ва сабукиҳо ҳангоми гирифтани грантҳо ва ғайра иборат мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...