“Ягон имтиёз нест”. Баъди қабули қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ чӣ ҳол доранд?

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли равон қонуни соҳибкории иҷтимоӣ қабул гардид. Ин қонун ба соҳибкороне, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро дастгирӣ мекунанд, сабукиҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ кард. Вале худи соҳибкорон мегӯянд, бо гузашти 7 моҳ ҳеҷ тағийроте дар фаъолияти онҳо ба назар намерасад.  Яке аз ин ташкилотҳо, созмони ҷамъиятии “Ирода” аст, ки ба […]

Шоираи Қудрат, Бахтиёри Раҳматулло

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли равон қонуни соҳибкории иҷтимоӣ қабул гардид. Ин қонун ба соҳибкороне, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро дастгирӣ мекунанд, сабукиҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ кард. Вале худи соҳибкорон мегӯянд, бо гузашти 7 моҳ ҳеҷ тағийроте дар фаъолияти онҳо ба назар намерасад. 

Яке аз ин ташкилотҳо, созмони ҷамъиятии “Ирода” аст, ки ба қишри осебпазири аҳолӣ, кӯдакони дорои аутизм кӯмак мекунад.

“Мувофиқи қонуни қабулшуда, 50% фоидаи бадастомада бояд дубора ба фаъолияти оинномавии ташкилот сармоягузорӣ шавад. Дар “Ирода” бошад, имрӯз 100% даромад дубора сармоягузорӣ мешавад. Гарчанд қонун фаъолияти моро, ки аллакай амалкунанда аст, пуштибонӣ кард, вале дар амал барои ТҶ “Ирода” ягон тағйироти куллӣ ворид накард”, – гуфт Лола Насриддинова, директори ТҶ "Ирода".

Аз Кумита давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сабаби то ҳол дар амал татбиқ нагардидани имтиёзҳои дар қонун пешбинишударо омода набудани заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ ва “Феҳристи бақайдгирии субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ” гуфтанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, интизор меравад, то як моҳи оянда феҳристи субъектҳо ва заминаи арзёбии соҳибкории иҷтимоӣ омода шавад.

Собир Вазиров, намояндаи Кумитаи андоз дар нишасти матбуотии тобистони соли равон гуфт, то имрӯз ба кумита барои бақайдгирии соҳибкории иҷтимоӣ касе муроҷиат накардааст.

Дар ҳолати татбиқ гардидани қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ аз имтиёзҳои гуногун бархурдор мешаванд. Ин аз имтиёзи андозӣ ва сабукиҳо ҳангоми гирифтани грантҳо ва ғайра иборат мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.