ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 30 СЕНТЯБР
– Дар Тоҷикистон 30-юми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик таҷлил мегардад. Дар бораи таҷлил ин рӯз, 1-уми июни соли 2009 дар Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шуда, саҳми бузурги ӯро дар адабиёт, фарҳанг ва рушди худшиносии миллӣ таъкид мекунад.
Интихоби ин сана бо назардошти рӯзи мавлуди Мавлоно сурат гирифтааст. Мавлоно Балхӣ аз нобиғагони назми классики форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд.
– Имрӯз соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барномаи маърифатӣ-фарҳангӣ доир мегардад. Дар он пиромуни паҳлуҳои эҷодиёт ва зиндагии Мавлоно суханронӣ мешаванд.
Маҳфилорои барнома Умар Темур, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буда, аз ашъори Мавлоно ва дар васфи Мавлоно таронаҳо месарояд. Инчунин аз ҷониби ҳунармандони Театри Аҳорун барномаи саҳнасозишуда – рақси самои Мавлоно намоиш дода мешавад.
– Имрӯз соати 18:00 дар Амфитеатри “Аҳорун” дар шаҳри Душанбе шоми мусиқии гурӯҳи “Беном” баргузор мешавад. Ин гурӯҳи маъруфи Ӯзбекистон бо сурудҳои пурэҳсос ва услуби беназир, ки оҳангҳои шарқиро бо мусиқии замонавӣ омезиш медиҳад, дили миллионҳо шунавандаро тасхир кардааст. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 200 то 300 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ нахустнамоиши намоишномаи “Рустам ва Суҳроб” ба саҳна гузошта мешавад. Он аз ҷониби гурӯҳи “Эҳё” саҳнагузорӣ шуда, арзиши чипта 30 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 СЕНТЯБР
Соли 1997 – Раванди бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон ба анҷом расид.
Соли 2010 – Ҳукумати кишвар нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён – маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ намуд.
Соли 2012 – Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Аммарӣ”-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлиси футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон анҷом ёфт.
Соли 2016 – Лоиҳаи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардид.
Соли 2018 – Дастаи ҷавонони футболи Тоҷикистон пас аз 11 сол ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат ба даст овард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1920 – Мавлуди Борис Кимёгаров, коргардони маъруфи синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Борис Кимёгаров маъруфтарин коргардони таърихи синамои тоҷик дониста мешавад. Ӯ дар марҳилае фаъолият кардааст, ки дурахшонтарин филмҳои синамои тоҷик ба саҳна омаданд ва мактаби синамои миллӣ ташаккул ёфт. Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки ба мероси ғании халқи тоҷик рӯй овард ва ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.
Ӯ дар шаҳри Самарқанд зода шуда, Институти педагогии Сталинобод ва Донишкадаи умумироссиягии киноматографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Вай аз соли 1957 дар “Тоҷикфилм” ҳамчун коргардон ба фаъолият пардохта, солҳои 1962 -1975 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон будааст. Падидоии симои Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир”, намоиши корномаи қаҳрамонҳои Фирдавсӣ дар филмҳои “Рустам ва Суҳроб”-у “Достони Сиёвуш”, тарғиби адолатхоҳиву мубориза бо зулм дар филми “Ашк ва шамшер” ва муборизаи истиқлолиятхоҳии Коваи оҳангар бар зидди зулму тааддии Заҳҳоки Морон аз дастовардҳои беназири на танҳо Борис Кимёгаров, ҳамчунин синамои тоҷик дониста мешавад.
Ин коргардони маъруф 19-уми апрели соли 1979 дар синни 58 аз олам чашм баст.
Соли 1945 – Мавлуди Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Аҳмадшо Улфатшоев хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, фаъолити худро ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (Ваҳдати имрӯза) оғоз кардааст. Соли 1975 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ ба ҳунарнамоӣ пардохта, то охири умр ҳунарпешаи ин театр будааст.
Улфатшоев дар саҳнаи ин театр нақшҳои Дохунда, Рӯдакӣ, Рустам, Баҳроми Чӯбина, Сомонхудот, шоҳ Парвиз, амир Абдулаҳад, шоҳ Егей ва дигаронро бо маҳорати фавқулода хоса офаридааст.
Ӯ дар синамо низ саҳм дорад. Аз ҷумла, дар филми “Восеъ”, нақши Остонақул ва дар филми “Кумир” нақши Кумирро иҷро кардааст.
Аҳмадшо Улфатшоев 9-уми октябри соли 2020 дар 75-солагӣ даргузашт.
Соли 1946 – Зодрӯзи Баҳовадин Зуҳуриддинов, меъмори тоҷик, собиқ президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон.
Баҳовадин Зуҳуриддинов меъмори биноҳои маъруфи “Қасри Миллат”, маҷмааи ёдгорӣ бо муҷассамаи “Исмоли Сомонӣ”, маҷмааи ёдгории “Ватан”, чойхонаи "Саодат", "Душанбе-Плаза", Осорхонаи бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ, "Амфитеатр", муҷассамаи “2700-солагии Кӯлоб”, бинои “Пойтахт-80” буда, дар рушди соҳаи меъморӣ дар кишвар сазми назаррас дорад.
Ӯ аз соли 1990 сармеъмори шаҳри Душанбе ва баъдан муддате муовин ва сипас беш аз даҳ сол раиси Кумитаи давлатии сохтмони Тоҷикистон буд. Аз соли 2005 инҷониб ҳамчун президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Баҳоваддинов дар рушди соҳаи меъмории муосири Тоҷикистон, бахусус таҳияи тарҳҳои иншооти бузург саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ сараввал Ташкилоти ҷамъиятии “Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баъдан Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистонро таъсис дода, роҳбарии онро ба дӯш дошт.
Соли 1947 – Мавлуди Тоҳирҷон Сатторов, олими зоология ва экология, собиқ муовини ректор ва директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.
Соли 1979 – Муқаддас Набиева, овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар синни 29 бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт.
Муқаддас Набиева зодаи ноҳияи Фархор буда, нахуст ба варзиш машғул ва дар ин ришта таҳсил кардааст. Аммо баъдтар ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор ҳамроҳ шуда, вориди ҷодаи санъат гардид. Соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” суруди “Республикаи ман”-ро иҷро кард.
Муқаддас Набиева дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл навгонӣ ворид кард ва дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод.
“Кӯи ту”, “Хуршеди ҳаёт”, “Нури ман”, “Шарораи хотираҳо”, “Боди сабо”, “Садои дил”, “Ба ишқат интизорам”, “Дили зорам” “Муҳаббат нест бе оташ”, "Ситораи ман" аз таронаҳои маҳбуби ӯ буда, дар ин қатор наздик ба 50 таронаи ӯ дар хазинаи санъати тоҷик ҳифз мешаванд.
Муқаддас Набиева 30-юми сентябри соли 1979 дар синни 29-солагӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳангоми сафар дар мавзеи Такфони ноҳияи Айнӣ аз олам даргузашт.
Дар бораи роҳи тайкардаи Муқаддас Набиева ӯ дар санъат дар ин маводи мо шинос шавед.
Соли 1981 – Мавлуди Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор ва мутахассиси расонаии тоҷик.
Абдулфаттоҳ Шафиев аз аввалин таҳиягарони маводи чандрасонаӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар таҳия ва роҳандозии торнамои Радиои Озодӣ ва гузариши тадриҷии кор дар ин идора аз радио ба веб саҳми муҳим бозидааст. Ӯ дар торнамои ҳамин радио нахустин бор дар Тоҷикистон пахши зиндаи матнии бозиҳои футболиро аз ҷараёни бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳонии 2007 роҳандозӣ кардааст.
Абдулфаттоҳ Шафиев хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳо дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Ӯ яке аз нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон буд, ки дар платформаи Блогспот блоги хусусӣ бо номи "Шаҳриёристон" боз кард. Соли 2008 блоги ӯ бо номи "Футболи Тоҷикистон" зуҳур кард, ки дар муддати кӯтоҳ маъруфияти зиёд касб кард. Он аввалин манбаъи интернетӣ доир ба футбол ва бо забони тоҷикӣ буд. Баъдан, "Футболи Тоҷикистон" пурра ба гурӯҳи интернетӣ гузашт ва Абдулфаттоҳ Шафиев аз мудирияти он канор рафт.
Бо ибтикори ӯ гуруҳи мутарҷимон тарҷумаи нахустини “Скайп”-ро ба забони тоҷикӣ анҷом додаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 30 сентябр дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо таҷлил карда мешавад. Ин сана ба касби тарҷумонӣ, ки пайванди забонҳо ва фарҳангҳои мухталифро таъмин мекунад, бахшида шудааст.
Ҳадафи асосӣ таъкиди нақши муҳим ва масъулияти баланди тарҷумони касбӣ дар пешбурди ҳадафҳои СММ аст. Тарҷумонҳо бо кори худ на танҳо муколама ва ҳамкории давлатҳоро густариш медиҳанд, балки барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ низ саҳм мегузоранд, зеро бе тарҷумаи дақиқу боварбахш муоширати самараноки кишварҳо ғайриимкон аст.
30-юми сентябри соли 1906 дар шаҳри Порис нахустин мусобиқаи байналмилалӣ байни халабонҳои ҳавопаймои пуфакӣ (аэростат) баргузор гардид. Таърихи парвози ҳавопаймои пуфакӣ бештар аз ду асрро дар бар мегирад.
Аввалин бор соли 1783 бародарони франсуз Жозеф ва Этйен Монголфе пуфакеро бо ҳавои гарм ба осмон бардоштанд ва роҳи нави парвозро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Сипас 30-юми сентябри соли 1906 дар шаҳри Порис нахустин мусобиқаи байналмилалии халабонҳои ҳавопаймои пуфакӣ баргузор гардид. Ин чорабинии нодирро соҳибкори амрикоӣ Ҷеймс Гордон Беннет ташкил кард. Дар мусобиқа 16 халабон ширкат варзид ва Фрэнк Лами амрикоӣ ғолибиятро ба даст овард.
30-юми сентябр дар бисёр кишварҳо боз як ҷашни ҷолиб – Рӯзи рӯйпӯши дастибофташуда ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнро соли 2022 ҳайати таҳририяи маҷаллаи эҷодии “Креаликум” таъсис доданд. Интихоби сана ба оғози фарорасии ҳавои сард рабт дорад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º хунук, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.


