Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна мазут дод

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қазоқистон дар доираи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 16,5 млн доллар 5 ҳазор тонна мазут супурд. Маросими расмии супурдани мавод дар Душанбе бо иштироки намояндагони ду кишвар рӯзи 30-юми сентябр доир гардид.

Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни супоридани гувоҳнома (сетификат)-и гирифтани сӯзишворӣ гуфт, ки кумаки мазкур қисмате аз ҳамкории дарозмуҳлат байни ду кишвар мебошад.

"Қазоқистон дар доираи муносибатҳои стратегӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба маблағи 893,7 млн танга кумаки башардӯстона фиристад. Ин ташаббус бо мусоидати Агентии рушди байнулмилалии Қазоқистон KazAID амалӣ мешавад", – гуфт ӯ.

Ба таъкиди вай, кумак ба таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон мусоидат карда, намунаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии мутақобила бар асоси муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон аст.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, қарори интиқоли мазут бо супориши президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қабул шуда, ба дастгирии кори устувори иншооти энергентикӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми кумаки башардӯстона, ки аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон, расонида шуд, зиёда аз 21 млн долларро ташкил медиҳад. Аз оғози ҳамкории дуҷониба ин маблағ ба зиёда аз 44 млн доллар мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...