Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна мазут дод

Қазоқистон дар доираи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 16,5 млн доллар 5 ҳазор тонна мазут супурд. Маросими расмии супурдани мавод дар Душанбе бо иштироки намояндагони ду кишвар рӯзи 30-юми сентябр доир гардид. Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни супоридани гувоҳнома (сетификат)-и гирифтани сӯзишворӣ гуфт, ки кумаки мазкур қисмате аз ҳамкории дарозмуҳлат байни ду […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қазоқистон дар доираи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 16,5 млн доллар 5 ҳазор тонна мазут супурд. Маросими расмии супурдани мавод дар Душанбе бо иштироки намояндагони ду кишвар рӯзи 30-юми сентябр доир гардид.

Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни супоридани гувоҳнома (сетификат)-и гирифтани сӯзишворӣ гуфт, ки кумаки мазкур қисмате аз ҳамкории дарозмуҳлат байни ду кишвар мебошад.

"Қазоқистон дар доираи муносибатҳои стратегӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба маблағи 893,7 млн танга кумаки башардӯстона фиристад. Ин ташаббус бо мусоидати Агентии рушди байнулмилалии Қазоқистон KazAID амалӣ мешавад", – гуфт ӯ.

Ба таъкиди вай, кумак ба таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон мусоидат карда, намунаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии мутақобила бар асоси муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон аст.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, қарори интиқоли мазут бо супориши президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қабул шуда, ба дастгирии кори устувори иншооти энергентикӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми кумаки башардӯстона, ки аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон, расонида шуд, зиёда аз 21 млн долларро ташкил медиҳад. Аз оғози ҳамкории дуҷониба ин маблағ ба зиёда аз 44 млн доллар мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.