Эмомалӣ Раҳмон дар Темурмалик мактаби президентӣ, майдони парчам, варзишгоҳи марказӣ ва чанд иншооти дигарро боз кард

Asia-Plus

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин ноҳия рӯзи 2-юми октябр оғоз шуд ва дар доираи он нахуст дар деҳаи Дӯстӣ Мактаби президентии ноҳия, ки аз ҷониби Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шуд, ифтитоҳ гардид.

Раисҷумҳури кишвар дастур додааст, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак кӯдакистон низ сохта шавад.

Мактаби президентӣ барои таҳсили 700 хонанда пешбинӣ гардида, аз 3 ошёна, 27 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, толору майдончаи варзишӣ, ошхона будааст. Раванди таълим дар ин мактаб бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад.

Дар идома, раисҷумҳур биноҳои иловагӣ дар назди 2 муассисаи таълимӣ, муассисаи тандурустӣ ва хатти оби нӯшокӣ барои 30 ҳазор сокини шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмаликро ба тариқи фосилавӣ ба истифода додааст.

Ба иттилои расмӣ бинои иловагӣ дар назди мактаби №10- деҳаи Чавроқ барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ будааст.

Дар бинои дигаре, ки дар назди мактаби №25 дар деҳаи Чашмаи деҳоти Гурдоварон бунёд шудааст 480 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.

Шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик баъди таъмир ба истифода дода шудааст. Дар ин марказ ба сокинон 40 табиб хизматрасонӣ мекунанд.

Инчунин раисҷумҳур шабакаҳои нави обтаъминкунӣ дар ноҳияи Темурмаликро, ки 30 ҳазор сокини маҳаллиро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардааст. Ба иттилои расмӣ, ин лоиҳа аз ҷониби Ҳабибулло Сулаймонов, соҳибкор амалӣ шудааст.

“Мардум аз норасоии об дар маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии боло солҳои зиёд азият мекашиданд”, -навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамчунин дар ноҳия Темурмалик майдони парчами давлатӣ ва варзишгоҳи марказӣ ифтитоҳ гардид.

Варзишгоҳ дар деҳоти Кангурд бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 6000 ҷойи нишаст мебошад. Сохтмони он моҳи августи соли 2022 оғоз шуда буд.

“Масоҳати замини варзишгоҳ 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар чор гӯшаи иншоот барои гузаронидани бозиҳои футбол чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудааст”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Дар варзишгоҳ 10 сокини деҳаи Кангурт ба кор таъмин шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, майдони парчами давлатӣ, аз ҷониби соҳибкорону сокинони деҳоти Кангурт, аз ҷумла Анвар Қурбонов, Шерхон Салимзода ва Каромат Абдиев сохта шудааст.

Баландии сутунпояи парчами давлатӣ дар ин майдон 65 метр, дарозии матоаш 20 ва паҳноиаш 10 метр будааст.

Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод рафт ва дар онҷо чанд иншооти муҳимро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...