Арзиши ивази ному насаб ҳам ду баробар гарон шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ивази ному насаб ва номи падар ду баробар гаронтар шуд. Акнун ба ҷои 225 сомонӣ 450 сомонӣ месупоранд. Ба тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо гузошт.

Қаблан, ҳаққи бақайдгирии давлатии иваз кардани насаб, ном ва номи падар ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шуда буд. Бо назардошти он, ки ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад, шаҳрвандон 225 сомонӣ пардохт мекарданд.

Аммо, тибқи тағйироти нав ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, ин маблағ ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид. Ин маънои онро дорад, ки барои иваз кардани ному насаб ва номи падар акнун шаҳрвандони Тоҷикистон 450 сомонӣ пардохт мекунанд.

Ин лоиҳаро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳур дар зери тағйирот ба қонуни мазкур имзо гузошт.  Пас аз як моҳи нашр дар матбуот он ҳукми иҷро мегирад.

Бар асоси моддаи 67-и Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ҳар шахси ба синни 16 расида ҳуқуқ дорад ному насаб ва номи падари худро иваз намояд. Ин ихтиёрӣ буда, ба истилоҳи ҳуқуқӣ – ин ҳуқуқи шахс аст, на уҳдадорӣ.

То моҳи январи соли 2021 муҳлати омӯзиш ва баррасии аризаи шаҳрванд барои иваз кардани ному насаб 3 моҳ буд. Порлумони Тоҷикистон дар охири соли 2020 қонунро тағйир дод ва ин муҳлатро то ба як моҳ кам кард.

Воқеан, ивази ному насаб ва номи падар, ҳарчанд ихтиёрӣ аст, вале солҳои охир ин падида маъмул шудааст. Иваз намудани ному насаб ва номи падар тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад.

Моҳи июни соли 2020 ба моддаи 20-и Қонуни ҶТ “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, зимни сабти ному насаби тифлҳои навзод ба истифодаи пасвандҳои славянии “ов”, “ова”, “ев”, “ева” ба насаб ва “ович”, “овна”, “евич” ва “евна” ба номи хонаводагӣ ё номи падар иҷоза дода намешавад.

Ҳамин тариқ, минбаъд ба ному насаб ва номи падар пасвандҳои “ӣ”, “зод”, “зода”, “он”, “ён”, “ёр”, “ниё”, “фар”,“пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) иҷоза дода мешавад.

Дар гузашта, аксаран муҳоҷирон ному насаби худро иваз карда дубора ба Русия мерафтанд. Ҳаҷми маблағ барои ивази ному насаб ҳам баҳсбарангез шуда буд. Аксаран шикоят мекарданд, ки масъулин аз маблағи муайяншуда бештар талаб мекунанд.

Дар ин робита дар матлаби мазкури “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо карда метавонед: “Номи хуб ними ҳусн. Ивази ному насаб ихтиёрӣ аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...