Барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ беш аз 100 парванда боз шуда, то ҳол 30 ҷавон ҷазо гирифтаанд

Соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷинояӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо таъин шудааст. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар гузориши солонаи худ иттилоъ дода, навиштааст, нисбати онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ – саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз шуда, ҷазо таъин гардидааст. Ин банди қонун […]

Asia-Plus

Соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷинояӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо таъин шудааст.

Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар гузориши солонаи худ иттилоъ дода, навиштааст, нисбати онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ – саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз шуда, ҷазо таъин гардидааст.

Ин банди қонун аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад. Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки ба онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ки соли гузашта 95 ҷинояти латукӯб ва озори сарбозон ё ба истилоҳи расмӣ “вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” қайд гирифта шудааст.

Омбудсмени тоҷик ҳамчунин аз муҷозот шудани 13 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2024-ум 34 афсар аз қисмҳои ҳарбӣ фирор карда, 28 кас худсарона маҳалли хизматро тарк кардаанд. Ваколатдор аз ин амали аскарон ҷиноят ном бурдааст, аммо нагуфтааст, ки чӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Омбудсмен иддао кардааст, ки соли пеш шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бо шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ мавзуи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити хидмату муносибати дағал бо эшон доғ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, 1-уми октябр дар кишвар мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз гардид ва дар рӯзи аввали маъракаи даъват нақша 55% дар миқёси ҷумҳурӣ иҷро шуд. Он то охири моҳи ноябр идома мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио