Мадина Ҳалимова зане, ки чор кӯдакашро ба дарё андохт, дар мурофиа “изҳори пушаймонӣ” кардааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мадина Ҳалимова, зани 28-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки  3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохта буд, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки “аз кори кардааш пушаймон аст”. Қудратулло Шарифов, шавҳари Мадина Ҳалимова имрӯз 8-уми октябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳафтаи гузашта мурофиаи навбатии ҳамсараш баргузор шуд. "Ӯ дар мурофиа аз кори кардааш изҳори […]

Мадина Ҳалимова, зани 28-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки  3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохта буд, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки “аз кори кардааш пушаймон аст”.

Қудратулло Шарифов, шавҳари Мадина Ҳалимова имрӯз 8-уми октябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳафтаи гузашта мурофиаи навбатии ҳамсараш баргузор шуд.

"Ӯ дар мурофиа аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ карда гуфт, ки вақте худро ба об партофтам баъдан ҳушёр шуда, чӣ кор карданамро фаҳмидам. Ҳамсарам мегӯяд, далели ба ин кор даст заданашро намедонад ва чӣ кор карданашро ҳам дар ёд надорад", – гуфт шавҳари Мадина Ҳалимова.

Номбурда зикр кард, ки он шабу рӯз байни зану шавҳар даъвое нашуда буд, вале "ҳамсарам асабӣ мешуд вале то ин дараҷа расиданашро ҳеҷ кас пешбинӣ намекард".

Қаблан Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Мадина Ҳалимова аз забони зерҳимояаш ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки ӯ аввал се кӯдакро ба дарё андохта чорумиро дар бағал гирифта, худро ба об партофтааст.

"Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам", – ин зан гуфтааст ба вакили дифоаш.

Муҳаммадамин Шарифзода, намояндаи Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми ин зан “ҳамин ҳафта ё ҳафтаи оянда мебарояд”.

“Парвандаро Ҳабибулло Сайдализода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ карда истодааст. Ҷузъиёти тафтишоти парванда танҳо баъди содир шудани ҳукм ошкор карда мешавад”,-гуфт номбурда.

Қаблан аз ин ниҳод гуфта буданд, ки парвандаи Мадина Ҳалимова моҳи август ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол шудааст.

Мадина Ҳалимова дар боздошт буда, нисабаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.

Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.

Қудратулло Шарифов гуфт, ки “ҳар рӯз соҳили дарёи Сурхобро мекобем, аммо нишоне аз духтарам пайдо накардем”.

Қаблан шавҳар ва наздикони Мадина Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Ҳалимова, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад