Ҷасади Ёсамини 2-соларо сокинони Афғонистон аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд

Ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаи дусола, ки гуфта мешавад, ҳамроҳ бо ду хоҳару як бародараш аз сӯйи модараш ба дарёӣ Сурхоб дар ноҳияи Фархор андохта шуд, пас аз ҳашт рӯз, аз дарёи Панҷ аз сӯйи Афғонистон пайдо шудааст. Як хоҳари ӯ  то ҳол пайдо нашудааст. Ҷасади як хоҳару як бародари дигараш ҳамон рӯзи ба дарё андохтан ёфт […]

Asia-Plus

Ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаи дусола, ки гуфта мешавад, ҳамроҳ бо ду хоҳару як бародараш аз сӯйи модараш ба дарёӣ Сурхоб дар ноҳияи Фархор андохта шуд, пас аз ҳашт рӯз, аз дарёи Панҷ аз сӯйи Афғонистон пайдо шудааст. Як хоҳари ӯ  то ҳол пайдо нашудааст. Ҷасади як хоҳару як бародари дигараш ҳамон рӯзи ба дарё андохтан ёфт шуда буданд.

Ёсамин Абдуллохонзодаро ҳамроҳ бо ду хоҳару як бародари хурдсолаш, тибқи иттилои то ин лаҳза дастрас, модараш Мадина Ҳалимова якҷо бо худ шаби 29 ба 30-юми июн ба дарёи Сурхоб дар ноҳияи Фархор партофт.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаро сокинони Афғонистон аз дарёи Панҷ, ки ин кишварро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад, пайдо кардаанд ва ба мақомоти Тоҷикистон супоридаанд.

“Кормандони мо то ҳудуди Афғонистон ҷасади ин ду духтаракро ҷустуҷӯ карданд. Ҷасади Ёсамини 2-сола аз сӯйи афғонистониҳо пайдо шуд, аммо то ҳол Латофат Абдуллохонзодаи панҷсола пайдо нашудааст”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Қаблан, мақомот дар бораи дарёфти ҷасади Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола ва Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа дар рӯзи ҳодиса иттилоъ дода буданд.

Модари онҳо Мадина Ҳалимова бошад, зинда аз об берун шуда, ҳоло дар боздошт аст.

Ёдовар мешавем, ки нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд.

Баъдтар КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард. Ин фарзияро падари зан ҳам тасдиқ намуд.

Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.