Қаҳрамони ҷаҳони ҷавони ҷудоро дар Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Шаби 11 октябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоевро садҳо нафар дар фурудгоҳи Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Қаҳрамони ҷавонро, ки дар Перу ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, бо чапакзаниҳои бардавом ва нидоҳои “Тоҷикистон ба пеш!” намояндагони сохторҳои соҳаи варзиши кишвар, мураббиён, наздикону пайвандон ва мухлисони ҷудо истиқбол карданд.

Медали тиллои Асадуллоев дар Лима сеюмин дар таърихи Тоҷикистон аст. Бори аввал ба чунин комёбӣ Сомон Маҳмабеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш соли 2019 ва медали тиллои дуюмро Нуралӣ Эмомалӣ соли 2022 дар Эквадор ба даст оварда буданд.

Худи Асадулло изҳор дошт, ки ғалаба барои ӯ на танҳо комёбии шахсист, балки заҳмати ҳамаи он касонест, ки ба ӯ бовар доштанд.

“Ман дастгирии тамои кишварро эҳсос мекардам.Дар ҳар як рақобат на танҳо барои худ, балки тамоми Тоҷикистон мубориза мебурдам”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Перу, ки аз 5 то 7 октябр баргузор шуд, Асадуллоев дар вазни 73 кг ба дарёфти меди тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. То дарёфти медал, ӯ дар панҷ рақобат ғолиб омад.

Муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зикр кард, ки ин комёбӣ натиҷаи кори мунтазам дар дастаи мунтахаб тайи солҳои ахир  ва фаласафи нав дар ҷудо тоҷик аст, ки ба методика, таҷрибаи байнулмилалӣ ва эътимод ба ҷавонон асос ёфтааст.

“Мо ба раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзир, ситоди мураббиён ва ҳамаи аъзои даста барои кори фидокорона изҳори миннатдорӣ мекунем, – зикр кард ӯ. – Дар зарфи се сол дар низоми миллии ҷудо сохтори муосири омодагӣ ташкил шуда, бо мактабҳои пешрафтаи Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Акнун мунтахаби Тоҷикистон рақиби комилҳуқуқи баргузидагони ҷудои ҷаҳон шинохта мешавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...