Мақомот аз 78% иҷро шудани нақша хабар доданд. Нашри наворҳои боздошти ҷавонон, ки корбарон мегӯянд,”облава” аст

Asia-Plus

Дар 10 рӯзи маъракаи даъват ба хидмати ҳарбии тирамоҳӣ, нақша даъват ба артиш 78% иҷро шуда, қариб 30 шаҳру ноҳия нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам чор навори ба гуфтаи корбарон “облава” паҳн гардид.

Бар асоси гузориши Вазорати дифои кишвард, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро кардаанд:

– ВМКБ – 100%;

– вилояти Хатлон – 91%;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури – 72%;

– шаҳри Душанбе – 71%;

–  вилояти Суғд – 64%.

Ин ниҳод иҷро шудани нақшаро ба “масъулиятшиносии ҷавонон ва бо хоҳиши худ ҳозир шудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зистшон”, рабт дода гуфтааст, ки  маъракаи даъват “муташаккилона идома дорад”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам чор навори ба гуфтаи корбарон “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.

Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Вазорати мудофиаи кишвар мегӯяд дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш “ягон шикоят аз ҷалби иҷбории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ” дарёфт накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо татбиқ шудааст. Дар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) нисбати онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ – саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз шуда, ҷазо таъин гардидааст.

Ин банди қонун аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад. Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки ба онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Имсол тибқи фармони президент ҷавонони аз 18 то 27 сола ба артиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...