Мақомот сабаби сӯхтор дар тарабхонаи “Читир Уста” -ро шарҳ доданд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомот гуфтанд, “беназорат гузоштани оташ дар нуқтаи сихкабобпазӣ” боиси сар задани сӯхтор  дар тарабхонаи туркии “Читир Уста” (Citir Usta) дар Душанбе шудааст.

Баъд аз зуҳри 11-уми октябр дар ин тарабхона сӯхтор сар зад. Навори сӯхтори тарабхона нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари расида 600 сомонӣ мебошад.

“Сӯхтор дар дудбарои тарабхонаи ҶДММ “Ҳалими Олим” (Citir Usta) мансуб ба соҳибкор Умар Бақоев, сокини шаҳри Душанбе сар задааст. Молу мулке, ки аз оташ наҷот дода шуд, 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз Сарраёсат гуфтанд, "сӯхторхомушкунон зуд ба ҷои ҳодиса расида, оташро саривақт хомӯш карданд".

Ба қавли мақомот, дар пайи ин сӯхтор ягон кас осеб надидааст. 

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани тарабхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи масъулин унвон медиҳанд.

Аз ҷумла моҳи июни соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад, ки дар пайи он 80% тарабхона ба коми оташ рафт. Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шуд.  

Тибқи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...