“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт

Дар сӯхтори тарабхонаи “Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик”, ки шоми дирӯз, 19-уми июн ба вуқӯъ омад, касе осеб надидааст, вале ба назар мерасад, ки тарабхона пурра ба коми оташ рафтааст. Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шудааст. Маълум нест, ки чанд дарсади тарабхона […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар сӯхтори тарабхонаи Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик”, ки шоми дирӯз, 19-уми июн ба вуқӯъ омад, касе осеб надидааст, вале ба назар мерасад, ки тарабхона пурра ба коми оташ рафтааст.

Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шудааст. Маълум нест, ки чанд дарсади тарабхона аз сухтор эмин мондааст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз, 20-уми июн ба ҷои ҳодиса рафт ва шоҳиди корҳои бартарафкунии сӯхтор шуд. Аз масъулини тарабхона касе нахост дар робита ба ҳодиса суҳбат кунад.

Аз  Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ҳам нахостанд дар бораи сабабу омилҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари он суҳбат кунанд.

Вале як масъули бахши шаҳрии Раёсати оташнишонӣ, ки дар ҷойи ҳодиса буд, дар суҳбати бидуни сабт гуфт, “сухтор аз ангишти сӯхтаи шашликпазҳо, ки дар пеши ҳезумҳо партофтаанд, сар задааст”.

Ин корманд овозаи кафидани газ дар тарабхона ва дар пайи он сар задани сӯхторро рад карда афзуд, ки “агар газ мекафид ҳодиса тамоман ранги дигар мегирифт”.

Ба гуфтаи вай, дар пайи сухтор талофоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

Тарабхонае, ки президент ифтитоҳ карда буд

Тарабхонаи собиқ “Темурмалик”, ки ҳоло номашро ба “Яккасарой” (Family) иваз кардааст, 2-юми апрели соли 2019 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд.

Он аз се ошёна иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ ҳамчун киштӣ сохта шудааст. Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст.

Ин тарабхона дар сатҳи вилоят маъмул ва дар шаш соли мавҷудияташ яке аз маконҳои серталаби сокинон дар баргузории тую маъракаҳо ба ҳисоб мерафт.

Тарабхона қаблан, ба Абдурасул Раҷабов, роҳбари ҶДММ “Абдурашид” рабт дошт ва ба хотири гиромидошти қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик номгузорӣ шуда буд. Гуфта мешавад, ки баъдан онро роҳбари шабакаи тарабхонаҳои “Яккасарой” харидорӣ намуда, тағйири ном кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио