Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе аз мавқеи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки ҳамлаи Исроил ба хоки кишварашро маҳкум карданд, қадрдонӣ кардааст. Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн баъди чанд соати ҳамлаи Исроил ба Эрон бо нашри як изҳорот онро маҳкум кард. Котиботи СҲШ рӯзи 14 июн дар изҳороте аз авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна изҳори […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе аз мавқеи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки ҳамлаи Исроил ба хоки кишварашро маҳкум карданд, қадрдонӣ кардааст.

Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн баъди чанд соати ҳамлаи Исроил ба Эрон бо нашри як изҳорот онро маҳкум кард. Котиботи СҲШ рӯзи 14 июн дар изҳороте аз авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ карда, ҳамлаи Исроил ба Эронро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ донист.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии “Осиёи Марказӣ – ҳастаи аслии Созмони ҳамкории Шанхай, 25 соли ҳамкории муштарак”, ки 19-уми июн дар Душанбе баргузор гардид, ҳамлаҳои ахири Исроил ба Эронро “таҷовузи буздилона” номида, онро “нақзи фоҳиши соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон” донист.

“Эрон аз мавқеи Тоҷикистон, Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳое, ки таҷовузи режими саҳюнистиро маҳкум карданд, қадрдонӣ мекунад”, – гуфт Ҳақиқиён.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон бо истифода аз “ҳаққи зотии дифоъ аз худ” ба ин таҷовуз қотеъона посух додааст ва бо азми қавӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрӣ, мардум ва амнияти миллии худ иқдом хоҳад кард.

Сафири Эрон ҳушдор дод, ки Исроил бо ҳамла ба Эрон “иштибоҳи бузурге содир кардааст” ва Эрон ин кишварро аз ин кораш “пушаймон” мекунад.

Ин изҳороти сафири Эрон дар Душанбе дар ҳоле садо дод, ки танишҳо байни Эрон ва Исроил як ҳафта боз идома дорад.

Субҳи 13-уми июн Исроил ҳадафи зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон ба ин кишвар ҳамла кард. Дар посух Эрон дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Даргирӣ то ҳол идома дошта, аз ҳарду тараф садҳо тан куштаву ҳазорҳо нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳафтумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон чӣ гузашт, ин ҷо хонед. Инчунин, охирин хабарҳои даргирии Эрон ва Исроилро дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии “Азия-Плюс” мутолиа карда метавонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио