Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон

Бонги хатар дар аксар минтақаҳои Исроил ва нашри навори таркишҳо аз шаҳри Бершебаи ин кишвар, инфиҷор дар шаҳри Рашти Эрон ва хабарҳои зиддунақиз дар бораи мулоқоти қарибулвуқӯи Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон бо вазирони чанд кишвари аврупоӣ дар шаҳри Женеваи Суис (Швейтсария) аз муҳимтарин ахбори рӯзи ҳаштуми ҳуҷуми Исроил ба Эрон аст. Пас аз […]

Asia-Plus

Бонги хатар дар аксар минтақаҳои Исроил ва нашри навори таркишҳо аз шаҳри Бершебаи ин кишвар, инфиҷор дар шаҳри Рашти Эрон ва хабарҳои зиддунақиз дар бораи мулоқоти қарибулвуқӯи Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон бо вазирони чанд кишвари аврупоӣ дар шаҳри Женеваи Суис (Швейтсария) аз муҳимтарин ахбори рӯзи ҳаштуми ҳуҷуми Исроил ба Эрон аст.

Пас аз як ҳафтаи ҳуҷуми нобаҳангоми Исроил ба Эрон, чунин ба назар мерасад, ки мавҷи бомборону мушакпартоиҳо аз сӯйи ҳарду кишвар як каме коҳиш ёфтааст. Агар дар оғози даргирӣ мақомҳои ҳарду кишвар ва расонаҳо аз садҳо бомбафканиву мушакпартоиҳо хабар медоданд, шаби гузашта ин ҳамлаҳо камтар буд, аммо он то ҳол қатъ нагардидааст.

Субҳи имрӯз, 20-уми июн, артиши Исроил хабар дод, ки аз Эрон ба самти ин кишвар мушак партоб шудааст ва расонаҳои исроилӣ низ аз баланд шудани бонги хатар дар чанд минтақа, аз ҷумла шаҳри Бершеба хабар додаанд.

Бо гузашти чанде, расонаҳои исроилӣ ва арабӣ аксу навоҳоеро нашр кардаанд, ки дар онҳо дида мешавад, мушакҳои Эрон ба баъзе минтақаҳо бархӯрдаанд ва дар он ҷойҳо оташу дуд баланд мешавад. Аммо бо сабаби назорати қатии мақомоти Исроил ва маҳдудиятҳои гузоштаи онҳо, расонаҳо макони афтодани мушакҳои эрониро ошкор нанавиштанд. Ҳамчунин, дар бораи хисороти ин ҳамла мақомоти Исроил то кунун хабаре надодаанд.

Пештар аз ин, расонаҳои Эрон аз шунида шудани инфиҷор дар шаҳри Рашти ин кишвар хабар дода буданд. Артиши Исроил ҳам пештар эълон карда буд, ки қасд дорад ба як маҳал дар ин шаҳр ҳамла кунад. Ӯ аз сокинони Рашти ин минтақа хоста буд, ки он ҷоро тарк кунанд.

Баъдан субҳи имрӯз раиси вилояти Гелон гуфт, минтақае аз шаҳраки саноатии Рашт маврии ҳамлаи Исроил қарор гирифтааст ва “хисороти эҳтимолӣ”-и он дар ҳоли баррасӣ аст.

Ҳамчунин, давоми шабу рӯзи гузашта, расонаҳои ду кишвар аз чанд таркишу бонги хатар ва фаъол шудани падофандҳои ду кишвар хабарҳо нашр карда буданд.

 

Идомаи таҳдидҳои Трамп ва “ду ҳафта”-и беохири ӯ

Дар ҳоле, ки Исроил ба ҳамлаи худ идома медиҳад ва Эрон ба он посух мегардонад,  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба таҳдидҳои худ идома медиҳад.

Ахиран сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Трамп дар ду ҳафтаи оянда оид ба мустақим ҳамроҳ шудан ба даргирии Исроил ва Эрон тасмим мегирад.

Керолайн Левит, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 19-уми июн ба рӯзноманигорон гуфт, “як паёми мустақим” аз Трамп дорад ва суханони ӯро иқтибос овард:

“Бо дарназардошти он ки эҳтимоли қобили мулоҳизае вуҷуд дорад, ки музокира дар ояндаи наздик бо Эрон сурат бигирад ё не, ман дар зарфи ду ҳафтаи оянда дар бораи пайвастан ё напайвастан тасмими хоҳам гирифт”.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки Трамп аз “ду ҳафтаи оянда” сухан мегӯяд. Бештар аз 20 рӯз пеш, Трамп ба Русия ҳам ду ҳафта муҳлат дод ва гуфт, агар давоми ин муддат Маскав омодагии худро бо Украина нишон надиҳак, таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Моҳи май ҳам барои муайян кардани таърифаҳои нав барои содирот ду ҳафта муҳлат дода буд.

Пештар аз ин, соли 2020 ваъда карда буд, ки пас аз ду ҳафта тарҳи нави таҷдиди бахши тандурустиро пешниҳод мекунад, аммо ҳеҷ як тарҳеро пешниҳод накард.

Чунин “муҳлат”-ҳои гузоштаи Трамп зиёд аст ва барҷастатарин ваъдаи ӯ, ки ба “вақт” рабт доштаву иҷро нагардид, ин “дар 24 соат поён додан ба ҷанги Русияву Украина” аст, ки ҳамеша аз сӯйи расонаҳо бо тамасхур ёд мешавад.

 

Эҳтимоли оғози мулоқот

Дар ин моваро, давоми шабонарӯзи гузашта хабарҳое аз оғози музокироти эҳтимолӣ миёни Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон бо вазирони се кишвари аврупоӣ – Фаронса, Бритониё ва Олмон дар шаҳри Женеваи Суис нашр гардиданд.

Расонаҳои ҷаҳон бидуни зикри номи мушаххас, бо такя ба гуфтаи як дипломатӣ апрупоӣ навиштанд, ки дар ин мулоқот роҳи бурунрафт аз марҳилаи кунунии низоъ баррасӣ мешавад.

Аббос Ароқчӣ ҳам дар суҳбати худ бо хабарнигорон гуфт, “дар Женева бо тарафҳои аврупоӣ фардо гуфтугӯ хоҳем кард”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.