“Панҷхон” дигар аълохон нест. Муқоисаи низоми 10-хола бо баҳогузории пешина

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Аз моҳи сентябри соли равон тамоми мактабҳои Тоҷикистон ба низоми 10-хола гузаштанд. Ҳамакнун сатҳи донишу омодагии хонандагон аз 1 то 10 баҳогузорӣ мешаванд. Дар низоми ҳамакнун пешин, ба ҳар як баҳо боз аломатҳои "+" ё "-" илова мекарданд, ки он ҳам сатҳи дониши хонандаро нишон медод. Масъулин яке аз ҳадафҳои гузаштан ба ин низомро "муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон" гуфта буданд.

Вале волидайни бархе хонандагон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, дар ин низом ҳам бархе омӯзгорон ҳамроҳи баҳо аломатҳои "+" ё "–" мемонанд ва ё "хуб", "хубтар" ва ё "бад", "қаноатманд" менависанд. Мо кӯшиш кардем, маълум намоем, ки ин аломатҳо ва ё навиштаҳо чӣ маъно дорад ва ҳамчунин, низоми 10-холаро ба баҳогузории пешина муқоиса кардем.

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, ки дар низоми баҳогузории 10-хола аломатҳои “-” ва “+” гузошта намешавад. Ин аломатҳо дар низоми пешина барои баҳогузории сатҳи омадагии хонанда истифода мешуданд.

Дар тасвирбаёни зерин бо тафсири баҳоҳо ва муқоисаи онҳо бо баҳоҳои пешина шинос шавед.

 

Ба гуфтаи Вазорати маориф ва илми кишвар ин низоми баҳогузорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, баҳогузории воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шудааст.

Сокинон дар бораи ин низом то ҳол назари мушаххас надоранд. Бархеҳо аз ин навгонӣ ҷонибдорӣ карда, мегӯянд, он хонандагонро ба таҳсил шавқманд мекунад. Қисми дигар бошад, бар он назаранд, ки низоми нав вазъро тағйир намедиҳаду танҳо сарфаи вақт аст:

https://www.youtube.com/watch?v=OsVKLktqCMc?si=D44A3sNHPuPfGrZW

 

Таҷрибаи дигар кишварҳо. Норозиҳо ҳам ҳастанд

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳо бо гузашти солҳо аз нофаҳмӣ ва мушкилиҳои низоми 10-хола нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла Белорус, ки аз соли 2002 пурра ба ин низоми баҳогузорӣ гузашта буд, бо гузашти 15 сол изҳори норозигӣ кардааст.

Аз ҷумла, Василий Жарко, собиқ муовини сарвазири ин кишвар соли 2017 тарзи баҳогузории ин низомро интиқод карда, пешниҳод намуда буд, ки баҳогузорӣ ба низоми пешинаи 5-хола баргардонида шавад.

Ӯ гуфт, ки нофаҳмиҳо дар ин низоми баҳогузорӣ хело зиёд аст.

“Фарқият байни баҳогузории 6 ва 7 ё 8 ва 7 дар чист? Ҳоло он, ки як муаллим ба хонанда 6, дигаре 7 мегузорад, дар умум ҳар ду ҳам ҳамон баҳои 3-и пешина аст” – илова намудааст ӯ.

Ҳарчанд, аз пешниҳоди собиқ муовини сарвазири Беларус  8 сол гузашт, аммо дар маткабҳои ин кишвар то ҳол низоми 10-хола фаъол аст. 

Аз соли 2006 Арманистон, аз соли 2007 Гурҷистон ва аз соли 2018 дар Латвия низ пурра ба ин низоми баҳогузорӣ гузаштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...