“Тӯй дар Роғун” ё “Нерӯи ишқ”. Дар бораи НБО “Роғун” филми ҳунарӣ таҳия мешавад

Бори аввал дар бораи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” силсилафилми бадеӣ бо номи “Нерӯи ишқ” рӯйи экран меояд. Ҷараёни наворбардории ин силсилафилм таҳти коргардонии синамоофари тоҷик Муҳаммадрабӣ Исмоил ҷараён дорад. Тавре коргардони филм дар суҳбат бо “Азия Плюс” иброз дошт, ин филм аз ишқи ду корманди нерӯгоҳ қисса мекунад. “Таҳмина – табиби беморхонаи “Истиқлол”-и пойтахт аст, […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Бори аввал дар бораи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” силсилафилми бадеӣ бо номи “Нерӯи ишқ” рӯйи экран меояд. Ҷараёни наворбардории ин силсилафилм таҳти коргардонии синамоофари тоҷик Муҳаммадрабӣ Исмоил ҷараён дорад.

Тавре коргардони филм дар суҳбат бо “Азия Плюс” иброз дошт, ин филм аз ишқи ду корманди нерӯгоҳ қисса мекунад.

“Таҳмина – табиби беморхонаи “Истиқлол”-и пойтахт аст, ки тариқи роҳхат барои кор ба бунгоҳи тиббии нерӯгоҳ меравад ва ба ӯ Рустам – ҷавонмарди кӯҳкан дил баста, пешниҳоди издивоҷ мекунад. Мо дар пасманзари муҳаббати ду дилдода, бузургии НБО-и “Роғун” ва қаҳрамонии ҳар як коргари нерӯгоҳро нишон медиҳем”, – гуфт ӯ.

 

Филмномаи “Нерӯи ишқ” ба қалами адиб ва рӯзноманигори ҷавони тоҷик Мижгон Халилзода тааллуқ дорад. Ин филмнома нахустин маҳсули эҷодии Мижгон Халилзода дар синамо аст.

“Як воқеае, ки дар Роғун рух додааст, ба Мижгон нақл кардам. Бо илҳом аз ин воқеа филмномаи ҷолиб навишт. Шӯрои бадеӣ низ хеле хуб пазируфт. Баъд аз пешниҳоди филмнома, дар сари он боз як соли дигар кор кардем. Дар баробари мо муаллиф низ заҳмати зиёд кашид”, – гуфт Муҳаммадрабӣ Исмоил.

 

Дар ин силсилафилм ҳунарпешагоне мисли Ҷовидони Маҳмад, Томирис Хуршедзода, Манучеҳр Ҳабибов, Салоҳиддин Шукуров, Шодӣ Солеҳ, Шуҷоати Ҷамолиддин, Ғолиб Исломов, Орифанисо Ғафурова ва дигарон нақш меофаранд.

Филмро яке аз наворбардорони шинохтаи кишвар Наврӯз Саидов ба навор гирифтааст. 

Ба қавли коргардон ҳунарпешагон тариқи кастинг интихоб шудаанд. Барои нақшофарӣ ҳудуди 70 дархост ворид ва 25 ҳунарманд интихоб шуд.

Бояд таъкид дошт, ки силсилафилми “Нерӯи ишқ” таҳти сарпарастии “Тоҷикфилм”, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва ширкати “ТГЭМ” рӯйи экран хоҳад омад.

“Боз даҳ рӯзи дигар наворбардорӣ мекунем. Филм асосан дар ҳудуди нерӯгоҳ ва беморхонаи “Истиқлол”-и пойтахт сабт мешавад”, – гуфт ӯ.

Коргардон кор дар минтақаи кӯҳӣ ва иншооти стратегиро аз душвориҳои сабти ин силсилафилм муаррифӣ кард.

“Маъмулан дар як рӯз то се саҳна ба навор гирифтан мумкин бошад, дар ин ҷо ҳамагӣ як саҳна гирифта мешавад”, – зикр мекунад ӯ.

Мавриди қайд аст, ки ин нахустин таҷрибаи филмбардорӣ дар НБО-и “Роғун” аст. Дар ҷараёни сабт, филмсозон аз кӯмаки куҳнавардон васеъ истифода мекунанд.

“Гурӯҳи куҳнавардон барои сабти ин филм саҳми беандоза гузоштанд. Мо метавонистем саҳнаҳоро аз 3 метр баландӣ ба навор гирем, дар филмсозӣ ин кор роиҷ аст. Лекин мо хостем саҳнаҳо табиӣ бошанд. Ҳоло дар баландии зиёда аз 100 метр низб саб мекунем”, – гуфт коргардон.

Ӯ таъкид мекунад, ки унвони пешниҳодкардаи муаллифи филмнома “Тӯй дар Роғун” буд, аммо бо пешниҳоди ӯ ба “Нерӯи ишқ” иваз шуд ва шояд баъди танзиму бандубаст номи филм боз ҳам дигар шавад.

Дар бораи хазинаи филм, коргардон нахост суҳбат кунад.

 

Ба иттилои коргардони филм, “Нерӯи ишқ” аз чор қисм иборат буда, дар телевизиони “Синамо” намоиш дода мешавад. Инчунин гузинаи барои толорҳои синамоӣ таҳияшуда низ намоиш дода мешавад.

“То пурра омода шудани филм на кам аз шаш моҳ лозим аст. Нахустнамоиши “Нерӯи ишқ” шояд дар охири соли 2026 баргузор гардад”, – иттилоъ медиҳад ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки Толиб Ғайбуллозода, муовини якуми директори “Тоҷикфилм”, соли 2017, дар суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар соли 2018 силсилафилме дар бораи сохтмони НБО-и “Роғун” таҳия хоҳад шуд ва он аз рӯйи филмномаи Леонид Маҳкамов ба навор гирифта мешавад. Вале ин иттифоқ наафтод ва Маҳкамов низ моҳи апрели соли 2025 аз олам гузашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.