Консепсия тасдиқ шуд. Бархурди Русия бо муҳоҷирон дар 5 соли оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "Консепсияи сиёсати муҳоҷират барои солҳои 2026-2030", ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро тасдиқ намуд. Он дар сомонаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ин кишвар ҷой дода шуда, он вазифаҳо ва самтҳои амалисозии сиёсати муҳоҷирати Русия барои 5 соли ояндаро муайян мекунад. Бар асоси санад, вазифаҳои асосии сиёсати муҳоҷирати Русия, коҳиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва поён […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "Консепсияи сиёсати муҳоҷират барои солҳои 2026-2030", ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро тасдиқ намуд. Он дар сомонаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ин кишвар ҷой дода шуда, он вазифаҳо ва самтҳои амалисозии сиёсати муҳоҷирати Русия барои 5 соли ояндаро муайян мекунад.

Бар асоси санад, вазифаҳои асосии сиёсати муҳоҷирати Русия, коҳиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва поён овардани сатҳи ҷинояткорӣ аз сӯи онҳо хоҳад буд. Ҳамчунин, санади мазкур сахттар шудани талабот нисбат ба будубоши хориҷиёнеро, ки ба ҷомеаи Русия мутобиқ намешаванд, пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, дар асоси он шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст. 

Муҳимтарин нуктаҳои санад ба таври зайланд:

– Мақомоти Русия будубоши аъзои оилаҳои муҳоҷиронеро, ки кор ё таҳсил намекунанд, маҳдуд мекунанд;

– Теъдоди кӯдакони хориҷие, ки ба мактаб намераванд, бояд кам шавад;

– Давлат бо эҷоди минтақаҳои қавмӣ ва ҳошиянишии муҳоҷирон мубориза мебарад;

– Истифодаи фановариҳои иттилоотӣ ва системаҳои биометрӣ асоси назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират хоҳад шуд;

– Корфармоён вазифадор мешаванд, ки муҳоҷирони кориро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамроҳӣ кунанд;

– Барои муҳоҷирати хориҷиёне, ки арзишҳои суннатии Русияро мепазиранд, шароити бештар фароҳам оварда мешавад.

Тасдиқи санади муайянкунандаи сиёсати муҳиҷрати ин кишвар дар ҳолест, ки дар беш аз ду соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия (палатаи поёнии парлумон) чанде пеш иттилоъ дод, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ, ҳудуди 35 ҳазор хориҷӣ, махсусан, муҳоҷирон аз қаламрави кишвар хориҷ карда шудаанд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, то 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар рӯйхати "сиёҳ" ё шахсони таҳти назорати Вазорати корҳои дохилии Русия 770 ҳазор муҳоҷир қарор доранд, ки сеяки онҳоро занону кӯдакон мебошанд ва бодя онҳо аз ин кишвар ихроҷ шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.