Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд

Date:

Субҳи имрӯз, 20-уми октябр, дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат кардаанд.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар навиштааст, ки маоши коргарон дар ин шаҳрак аз 4500 то 12 ҳазор сомонӣ аст.

Ба гуфтаи манбаъ, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 3 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ низ ифтитоҳ шуда, ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузошта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта мешавад, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба зиёда аз 1100 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд”, – навиштааст манбаъ. 

Ба қавли манбаъ, ин се корхона бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Корхонаи якуми фаъолгардида бароои истеҳсоли сафолаку кошинҳо ва серанит ихтисос дода шуда, иқтидори истеҳсол дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медодааст.

 “Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд”, – навиштааст манбаъ.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Корхонаи дуюми ифтитоҳшуда бо 150 миллион сомонӣ сохта шуда, хишти сабук (газоблок) истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ин корхона аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва ҳамчунин, садо ва гармию сардиро намегузаронад, ҳамчунин арзишаш паст аст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, иқтидори истеҳсолии корхона 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук дар як сол гуфта мешавад, ки беш аз 30 дарсади талаботи пойтахтро қонеъ мекардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Корхонаи сеюмро, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб воқеъ аст, раисҷумҳур ва шаҳрдорӣ пойтахт ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардаанд. Ин корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол гуфта мешавад.

“Истеҳсоли оҳак ба таври экологӣ ва безарар ба роҳ монда шуда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва ҳам дар истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад”, – навиштааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба бунёди се корхонаи дигари ширкати “Кристал Грин Гласс” санги асос гузошт, ки гуфта мешавад, сохтмонаш баъд аз 1,5 сол бояд ба анҷом расад.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ин корхонаҳо барои истеҳсоли квартс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ пешбинӣ шудаанд.

Манбаъ менависад, барои бунёди ин корхонаҳо дар умум 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, аз ҷумла корхонаи квартс 150 миллион сомонӣ, корхонаи панелҳои шишагӣ 650 миллион сомонӣ ва корхонаи зарфҳои шишагӣ 380 миллион сомонӣ харҷ мешавад.

Иқтидори корхонаи аввал, ки барои истеҳсоли квартс пешбинӣ шудааст, 130 ҳазор тонна дар як сол гуфта мешавад.

Корхонаи дуюм, ки барои истеҳсоли панелҳои шишагӣ пешбинӣ шудааст, бо маблағи 650 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонааш 10 миллион метри мураббаъ гуфта мешавад.

Тибқи иттлои манбаъ, корхона шишаҳои панелии тафсонидашуда ва ба оташ ва гармию хунукӣ тобовар бо рангҳои сиёҳ, йоддорро тибқи фармоиш истеҳсол мекунад.

Корхонаи сеюме ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни шишагӣ барои маҳсулоти нӯшокию хӯрокворӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор тахассусдода шудааст. Ба иттилои манбаъ, зарфҳои шишагии ин корхона замонавӣ буда, аз маҳсулоти қаблии истифодашаванда куллан фарқкунанда хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, ки ин корхонащо дар майдони беш аз 37 га замин, ки қаблан ба партовгоҳи азими саноатию сохтмонӣ табдил ёфта буд, бунёд меёбад ва 25 га замин зери сохтмон хоҳад буд.

“Корхона бо иқтидори истеҳсолии 45 миллион литр зарфҳои шишагии андозаву ғунҷоишашон гуногун дар як сол омода хоҳад шуд.  Ин ҳаҷми истеҳсол имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба зарфҳои шишагӣ сад дар сад қонеъ карда шавад”, – менависад манбаъ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...