Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?

Дирӯз, 19-уми октябр, дар шаҳри Душанбе бо ширкати Асҳоб Тамаев, блогнависи чечентабори Русия ва Исмоил Ғаниев, блогнависи тоҷик, ки бо номи “yatank” маъруф аст, сабқати мошинронӣ баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба ҷавононро барои сабқати мошинронӣ боздошт ва ҷазо дода буданд. Ҳамчунин, тибқи қонунгузорӣ ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ, […]

Asia Plus

Дирӯз, 19-уми октябр, дар шаҳри Душанбе бо ширкати Асҳоб Тамаев, блогнависи чечентабори Русия ва Исмоил Ғаниев, блогнависи тоҷик, ки бо номи “yatank” маъруф аст, сабқати мошинронӣ баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба ҷавононро барои сабқати мошинронӣ боздошт ва ҷазо дода буданд.

Ҳамчунин, тибқи қонунгузорӣ ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ, агар аз мақомоти дахлдор иҷоза гирифта нашуда бошад, манъ мебошад.

Тибқи моддаи 326 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва иштирок дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, аз 18 ҳазор то 21 ҳазору 600 сомонӣ (аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати ду сол пешбинӣ шудааст. Дар давоми як сол такроран содир намудани ин кирдор, 28 ҳазору 800 сомонӣ (400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима таъйин карда мешавад.

Пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ – пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки маълум кунад, ки ин пойгаро кӣ ташкил кардааст ва  барои он иҷозатнома гирифтааст ё не. Вале дар наворҳое, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд дида мешавад, ки кормандони пулис раванди пойга ва тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд.

Ҳамчунин, Асҳоб Тамаев дар саҳифаи худ ба шаҳрдории Душанбе ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани сабқати мошинҳо, новобаста аз набудани роҳи махсус (автодром), изҳори сипос кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ин сабқат, худи ҳамон рӯз, қисме аз роҳи “Душанбе-Чаноқ” барои як муддат баста шуд. Ин тамбашавии мошинҳоро ба вуҷуд овард, ки нигаронии сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт.

Аз ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини роҳ аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар ин рӯз, беш аз 5 километр роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди "Кӯли Душанбе" барои мусобиқаи мошинронии Асҳоб Тамаев баста шуд. Навори ин мусобиқа ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дида мешавад, ки одамони зиёде ҷамъ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти дахлдор шаҳрвандонро бо хабари расмӣ аз баста шудани роҳ огоҳ накардааст.

Ҳамчунин, наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, дар вақти намоиши мошинронӣ нишастгоҳе, ки барои тамошобинон дар баландӣ сохта шуда буд, ба замин афтида, чанде аз тамошобинон ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои дастрас, дар ин сабқат Исмоил Ғаниев ғолиб шудааст.

Асҳоб Тамаев, ки дар саҳифаи инстаграмии худ зиёда аз 15 млн пайгир дорад, қаблан дар Ӯзбекистон бо блогери ӯзбек сабқат карда, ғолиб шуда буд. Сипас дар навори муроҷиатӣ аз пайгиронаш пурсида буд, ки боз дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ӯро дидан мехоҳанд.

Блогнависи тоҷик Исмоил Ғаниев дар наворе Тамаевро барои сабқати мошинронӣ ба Тоҷикистон даъват кард. Рӯзи 23 июл Тамаев дар зери наворе хабар дод, ки пайгиронаш ӯро дар Тоҷикистон интизор бошанд.

Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки барои муаррифии Тоҷикистон ва тарғиби маконҳои сайёҳиву табиати зебо ва фарҳанги ғании кишвар, блогерону шахсиятҳои шинохта ба Тоҷикистон даъват мешаванд. Қаблан ҳам ба Тоҷикистон блогнависону сарояндагон ва шахсиятҳои шинохтаи дигар даъват шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио