“Бо ин лабҳоят фардо, дар қабр намеғунҷӣ”. Интиқоди муфтии Тоҷикистон аз “ботокс”-у “татуировка”

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, муфтии Тоҷикистон зимни як суханронии худ, ки ахиран навори он дар шабакаи “YouTube”–и Маркази Исломии Тоҷикистон нашр шуд, аз маъмул шудани “ботокс“ ва “татуировка” миёни ҷомеа нигаронӣ ва интиқод кард.

Навори суханронии муфтӣ се рӯз пеш дар саҳифаи “YouTube”–и Маркази исломии Тоҷикистон нашр шуда буд.

Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки дар “ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар пахши мустқим (15-уми октябр) ва зимни намози ҷумъаи гузашта (17-уми октябр) дар масҷиди марказии кишвар суханронӣ кардааст.

Давоми се рӯз порчае аз суханронии ӯ дар баъзе масъалаҳои ҷамъиятӣ дар саҳифаҳои Маркази Исломии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.  

Муфтии Тоҷикистон дар навори нашршуда зиёд шудани сӯзанзании лабу руй ё ба қавле “ботокс”-ро зери интиқод гирифта, таъкид мекунад, ки ин амалҳо “ҳаром” аст. Ӯ мегӯяд, “дар пайравӣ аз ашхоси бегона” бештари духтарон “лабҳоро бо сӯзандору “бурта” мекунанд”  ва пеш аз даст задан ба ин амал, аз оқибати он намеандешанд.

Абдулқодирзода бо киноя мегӯяд, “як чизи наве аст, ки ҳоло ном надорад. Бояд фарҳангиҳо ва забоншиносон номгузорӣ кунанд”.

Ӯ таъкид мекунад, ки “ин амалҳои ношоиста онҷо (охират дар назар аст) ҷавобгарӣ дорад ва гуноҳ барои ҳам ба худ сӯзандору задану ҳам ба дигарон гузаронидаи он баробар аст”.

Ҳамчунин, муфтии кишвар аз тағйир додани шакли биниву руй интиқод карда, зикр мекунад, ки “ин ҷисм амонат аст ва ин маънои онро надорад, ки ҳар инсон ба ҷисмаш ихтиёр дошта бошад, дигар гӯшашро бурад ё шакли биниашро тағйир диҳад, ба ҷуз ҳолатҳои табобатӣ, ки он масъалаи дигар аст”.

Ӯ таъкид мекунад, ки инсон ба ҳар шакле, ки набошад, бояд аз ҷисми доштаи худ қаноатманд бошад.

“Падару модар қаламу қоғаз надошт, ки бинависанду бикашанд, ки қаду қомат  чӣ қадару биниву гушу чашм чӣ гуна бошад ё каси оянда интихоб накарда буд, ки шаклу намудаш чӣ гуна бошад… Дар беҳтарин сурат офарида шудаӣ, ҳоло ахлоқатро беҳтар кун”, – иброз доҳштааст Абдулқодирзода.

Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки муфтии кишвар аз “мӯд”-у хурофот интиқод мекунад. Ӯ пештар муроҷиат ба ҷодугарону фолбинҳоро низ интиқод карда, гуфта буд, ки “касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”. Дар як навори дигар ҳам фолбиниву ҷодугариро интиқод карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...