Размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и СААД бо ширкати 1500 афсару сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамрингоҳи “Фахробод”-и Хатлон бо ширкати зиёда аз 1500 афсару сарбоз ва беш аз 200 техникаи ҳарбӣ, размоишҳои муштараки “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад. Маросими ифтитоҳи расмии машқҳо дирӯз, 20-уми октябр баргузор шуд ва дар он Бобоҷон Саидзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Имангалӣ […]

Asia-Plus

Дар тамрингоҳи “Фахробод”-и Хатлон бо ширкати зиёда аз 1500 афсару сарбоз ва беш аз 200 техникаи ҳарбӣ, размоишҳои муштараки “Бародарии шикастнопазир-2025” ва “Монеа-2025” -и Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) идома дорад.

Маросими ифтитоҳи расмии машқҳо дирӯз, 20-уми октябр баргузор шуд ва дар он Бобоҷон Саидзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СААД, Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Зимни ифтитоҳи маросим, Бобоҷон Саидзода гуфт, ки “муқовимати СААД ба таҳдиду бӯҳронҳои гуногун бо назардошти таҳаввулот ҳамеша дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узв қарор дорад".

Ҳамчунин, Имангали Тасмагамбетов зикр кардааст, ки сарони кишварҳои ин созмон ҷиҳати рушди нерӯ ва тавонмандии низоми амнияти дастаҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замон ҳама чораҳои заруриро меандешанд.

“Ҳамчунин таъкид гардид, ки машқҳои дарпешистода ба такмили касбияти ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиётҳои сулҳҷӯёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии контингентҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард”, – гуфта мешавад дар хабари Вазораи дифои Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД дар шакли омехта бо марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ- “Иттиҳоди зиддитеррористии 2025” баргузор мешаванд. Машқҳои муштарак то 24-уми октябр идома мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Ҳудуд-2024” (Рубеж-2024) баргузор гардида буд. Дар ин тамринҳо без аз 1500 низомии кишварҳои аъзои ин созмон иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ғайр аз Русия, кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.