Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ дар Тоҷикистон чанд аст?

Тоҷикистон бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 1430 доллар ба сари ҳар як аҳолӣ миёни 195 кишвар ва қаламрав мақоми 167-умро касб кардааст. Дар ин бора аз радабандии нави Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мавриди ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ зикр шудааст. Дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, нишондиҳандаи Тоҷикистон пасттарин аст. Дар байни ин кишварҳо, Эстония бо 32 760 долллар, Литва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 1430 доллар ба сари ҳар як аҳолӣ миёни 195 кишвар ва қаламрав мақоми 167-умро касб кардааст. Дар ин бора аз радабандии нави Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мавриди ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ зикр шудааст.

Дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, нишондиҳандаи Тоҷикистон пасттарин аст. Дар байни ин кишварҳо, Эстония бо 32 760 долллар, Литва  бо 30 840 доллар ва Латвия  бо 24 370 доллар дар мақомҳои аввал қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи афзоиши баланди ММД аз соли 1995 то имрӯз, дар Арманистон (19,4 баробар), Озарбойҷон (19,1 баробар) ва Гурҷистон (16,3 баробар) ба қайд гирифта шудааст.

Нишондиҳандаи Тоҷикистон дар ин бахш, мисли Украина – 6,7 баробар аст, ки соли чорум дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Афзоиши аз ҳама пасттарин дар Ӯзбекистон ва Русия (5,3 баробарӣ) ба қайд гирифта шудааст.

 

ММД ба ҳар сари аҳолӣ чиро нишон медиҳад?

ММД ба ҳар сари аҳолӣ нишондиҳани сатҳи фаъолмандии иқтисодӣ ва сифати ҳаёт дар кишвар ва минтақаҳои ҷудогона дар як давраи муайян мебошад. Ба ибораи дигар он арзиши миёнаи молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар давоми як сол, ки ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд, нишон медиҳад.

Ба таври соддатар, ММД ба ҳар сари аҳолӣ ин аслан даромади миёнаест, ки агар ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар тақсим шавад, ба сари ҳар як одам рост меояд.

Ин тарзу усули мувофиқи муқоисаи сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои гуногун мебошад. Агар дар як кишвар ММД ба ҳар сари ҳолӣ зиёдтар аз кишвари дигар бошад, пас ин маънои онро дорад, ки одамон дар он ҷо ба ҳисоби миёна доротаранд ва хубтар зиндагӣ мекунанд.

Албатта, паси ин рақам фарқиятҳои гуногун пинҳонанд. Касе даромади хеле зиёд дораду бархе аз даромади ночиз ҳам маҳрум аст. Лекин ба сурати умум, ММД ба ҳар сари аҳолӣ сатҳи рушду пешрафти иқтисоди кишвар ва таъсири он ба ҳаёти мардуми одиро ифода мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.