“Мушкили асосии соҳа”. Вазири нақлиёт аз тамбашавӣ дар роҳҳо изҳори нигаронӣ кард

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо, бахусус дар ҷодаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони кишвар, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳолатро яке аз мушкилоти асосиии соҳаи роҳу нақлиёт донистааст. Ӯ рӯзи 17-уми октябр дар ҷалсаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли раовн гуфтааст, мушкили тамбашавии роҳҳо ҳалли таъхирнопазирро талаб мекунад. Вазир […]

Asia-Plus

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо, бахусус дар ҷодаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони кишвар, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳолатро яке аз мушкилоти асосиии соҳаи роҳу нақлиёт донистааст.

Ӯ рӯзи 17-уми октябр дар ҷалсаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли раовн гуфтааст, мушкили тамбашавии роҳҳо ҳалли таъхирнопазирро талаб мекунад.

Вазир илова кардааст, ки тамбашавӣ дар роҳҳо, боиси дер расидани сокинон ба кор, садамаҳо, сарфи зиёди сӯзишворӣ, ифлосшавии ҳаво, фарсудашавии воситаҳои нақлиёт ва асабонияти ронандагону мусофирон шуда, ба кори хадамоти фаврӣ, аз қабили “Ёрии таъҷилӣ” халал ворид мекунад.

Азим Иброҳим сабабҳои асосии тамбашавиро афзоиши аҳолӣ ва шумораи воситаҳои нақлиёт арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои ӯ, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар 701 ҳазору 231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 64 ҳазору 938 адад (ё 10,8%) зиёд аст. Аз ин 53967 мошини боркаш, 16520 мусофирбар, 606296 сабукрав, 6007 воситаҳои нақлиёти махсус ва 18441 мотосикл мебошад.

“Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута бо ин масъала машғул шавед ва оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед”, – супориш додааст Азим Иброҳим.

Соле пеш низ вазорати нақлиёт аз тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо нигаронӣ карда, сабаби онро  зиёдшавии шумори автомашинаҳо, корҳои таъмиру сохтмон, садамаҳои нақлиётӣ гуфта буд.

Як соли охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.

Чанде пеш муовини шаҳрдори Душанбе ҳам аз тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт нигаронӣ карда, пешниҳод намуда буд, ки барои бартараф кардани тамбашавӣ дар пойтахт, истифодаи мошинҳои шахсӣ маҳдуд гардад ва барои ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои марказӣ маблағ ситонида шавад.

Ӯ дар мақолае вазъу сабабҳои тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахтро таҳлил карда, сабабҳои асосии онро афзоиши мошинҳои шахсӣ, танг будани роҳҳо, афзоиши таксиҳо ва чароғакҳову гузаргоҳҳо дониста буд. Вай дар матлабе дар нашрияи "Паёми Душанбе" навиштааст, теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор расидааст.

Ҳарчанд барои кам кардани он чораҳо, мисли гузаронидани амалиёт в ва ё бастани гузаргоҳҳову баркандани истгоҳҳо ва сохтани метро меандешанд, вале тавре дида мешавад ҳоло ҳама бенатиҷа аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.