Роҳҳои вуруд ба Самарқанд баста мешаванд. ВКД-и Ӯзбекистон аз сокинон хост, сафар ба ин шаҳрро ба таъхир гузоранд

Роҳҳои ташрифотии Самарқанд аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр, яъне барои ду ҳафта, баста мешаванд. Дар робита ба баргузории иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО (ташкилоти маориф, илм ва фарҳанги назди Созмони Милали Муттаҳид) роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд муваққатан баста мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар додааст. Ин ниҳод аз сокинон ва […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Роҳҳои ташрифотии Самарқанд аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр, яъне барои ду ҳафта, баста мешаванд.

Дар робита ба баргузории иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО (ташкилоти маориф, илм ва фарҳанги назди Созмони Милали Муттаҳид) роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд муваққатан баста мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар додааст.

Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват кардааст, ки агар дар санаҳои аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр нақшаи сафар ба Самарқандро дошта бошанд, то қадри имкон ба таъхир гузоранд.

Барои нақлиёти транзитӣ дар вилояти Самарқанд роҳи нақлиёти гардишӣ ташкил гардида, бо ин мақсад баргаи (флайер) махсус таҳия шудааст. Гардравҳои муқарраршударо тавассути рамзи QR – и замимаи мобилӣ дидан мумкин аст.

Чорабинӣ дар маҷмааи сайёҳии “Silk Road Samarkand” баргузор мешавад. Ин конфронс бори аввал аст аз соли 1985 берун аз Париж, ки қароргоҳи ин созмон мебошад, баргузор мешавад.

Бояд гуфт, конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, самт, буҷет ва фаъолияти умумии маориф, илм ва фарҳангро муайян мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз гузаргоҳҳои сарҳадии маъмул ва серодам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон миёни шаҳри Самарқанд ва Панҷакент ҷойгир аст. То куҷо маҳдудияти вуруд ба шаҳри Самарқанд ба убури сарҳад тариқи ин гузаргоҳ таъсир мегузорад, номаълум аст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълумот ироа накарданд. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ин иқдом изҳори бехабарӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.