“Заминӣ буд ва қаҳрамонҳои заминӣ офарид”. Хайрбод бо нависандаи номдори тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва муаллифи асарҳои маъруфи “Дар орзуи падар” ва “Марги бегуноҳ” субҳи 20-уми октябр аз олам чашм баст. Ӯ 83 сол умр дошт ва аз адибони номвари тоҷик маҳсуб мешуд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ва Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар даргузашти Кароматуллоҳи Мирзоро талафоти бузург дар адабиёт гуфта, ба наздикону пайвандони нависанда изҳори ҳамдардӣ баён карданд.

Ҳамкасбону ҳамқаламонаш барои видоъ бо Кароматуллоҳи Мирзо дар назди хонааш дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ омаданд ва аз асарҳои офарида ва хидматҳои дар роҳи адабиёту фарҳанг кардааш ёд оварданд.

 

Кароматуллоҳи Мирзо 25-уми апрели соли 1942 дар оилаи ходими дин ба олам омадааст. Аз солҳои шастуми асри мозӣ ба майдони адабиёт ворид шуд. Дар оғози роҳ қиссаву ҳикояҳо таълиф мекард, пасон рӯ ба романнависӣ овард.

Марҳум аз зумраи нависандагони ангуштшумори тоҷик аст, ки ҷанги шаҳрвандиро рӯйи авроқи адабиёт овардааст. Романи “Марги бегуноҳ”-и ӯ ҳаводиси солҳои навадумро инъикос кардааст ва аз рӯйи он филми ҳамномаш ҳам ба навор бардошта шудааст.

Романи дигари Каромаллоҳи Мирзо, ки дар он ҳам таъсири бади ҷанги шаҳрвандӣ ба тасвир кашида шудааст, “Дар орзуи падар” мебошад. Он соли 1989 аввалан ҳамчун қисса таълиф шуда, пасон дар соли 2010 ба романи сегона табдил ёфт. Ин яке аз маъруфтарин романҳои нависанда аст ва бо хатти форсӣ дар Эрон ҳам мунташир шудааст. Аз рӯйи романи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамномаш ба навор гирифта шуд, ки натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Эрону Афғонистон ҳам маҳбубият пайдо кард.

Ғайр аз “Дар орзуи падар”, боз аз рӯйи асарҳои “Моҷарои зиндагӣ”, “Дарди ишқ”, “Меҳри модар” ва қиссаву ҳикоёти дигари Кароматулло Мирзо филмҳо офарида шудаанд. Романҳои “Ситораҳои паси абр”, “Ду ҳикоя” ва “Деҳаро хоб мебинам” мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик барҷастатар гардонидаанд.

Кароматулло Мирзо солҳо кори рӯзноманигорӣ карда, муддате мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъйин шуд. Пасон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагонро ба зимма дошт. Аз хидматҳои ӯ дар ин вазифаҳо низ ёдоварӣ карданд.

Ба гуфтаи пайвандон, Кароматулло Мирзо то кунун беморие надошт ва субҳи 20-уми октябр бидуни бистарӣ шудан ногаҳон даргузашт.

Тибқи анъана онҳое, ки унвони шоир ё нависандаи халқӣ доранд, дар қабристони Лучоб канори аҳли зиё гӯронда мешаванд. Аммо Кароматулло Мирзоро бо васияти худаш дар зодгоҳаш канори падараш ба хок супориданд.

Кароматулло Мирзо барои осори мондагораш соҳиби чанд ҷоизаи баланди давлатӣ, ба мисли Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...