Тоҷикистон аз Русия як миқдор гови зотӣ ворид кардааст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон аз вилояти Курски Русия 60 сар гов ва буҷаи зотии голштин харид. Ин аллакай воридоти дуюм дар соли раовн аст. Моҳи август як корхонаи ноҳияи Железногорск ба Тоҷикистон 371 сар чорво фиристода буд.

Тавре сомонаи "kurskcity.ru" хабар медиҳад, "фаъолияти содиротии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии минтақа мусоидат намуда, мутобиқати маҳсулоти чорводории Курскро ба меъёрҳои байналмилалӣ тасдиқ мекунад".

Ҳамчунин, як сол пеш аз Беларус (ба маблағи 1,39 млн доллар 1096 сар),  Русия (ба маблағи 119 ҳазор доллар 440 сар) ва Қазоқистон (ба маблағи 41 ҳазор доллар 130 сар) чорвои зотӣ ба Тоҷикистон ворид гардида буд.

Аз моҳи октябри соли 2024 ширкати "ДолговГрупп"-и Калининград ҳар моҳ ба Тоҷикистон 1–2 мошин (фура)-и гов ва буқа мефиристад ва ният дорад, содиротро афзоиш диҳад.

Воридоти чорво ба Тоҷикистон дар солҳои охир ба таври назаррас афзудааст. Ба иттилои "Trading Economics" (бар асоси маълумоти UN Comtrade), соли 2023 ҳаҷми воридоти чорвои хонагӣ ба 7,27 млн доллар расида (6,84 млн доллар дар соли 2022), дар соли 2024 ин нишондиҳанда қариб ду баробар зиёд ва то ба 14,1 млн доллар расидааст, ки ҳиссаи асосии афзоиш ба гову буқа рост меояд.

 

Сабабҳои афзоиши воридот

Афзиши воридоти ҳайвоноти зинда ба чанд омил марбут аст. Пас аз пандемия молпарварон хариди чорвои сергӯшт ва зотиро зиёд карданд, то ки саршуморро барқарор намуда, маҳсулнокиро баланд бардоранд. Зиёда аз 90% гӯшт ва шир дар кишвар дар хоҷагиҳои шахсӣ истеҳсол мешавад, ки дар онҳо зотҳои анъанавӣ парвариш ёфта, аз ҷиҳати ширдеҳӣ ва афзоиши вазн аз чорвои воридотӣ қафо мемонанд.

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба наслҳои зотии чорво рӯ ба афзоиш дорад — ба кишвар гӯсфандону говҳои зотии голштин, симментал, лимузин, шаролез ва абердин-ангус оварда мешаванд. Аз зоти охирин барои дурага кардан бо навъҳои маҳаллӣ фаъолона истифода мешавад.

Ғайр аз ин, воридот ба сифати як воситаи наву муосир гардонидани соҳа баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, то 1-уми августи соли 2025 шумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо зиёда аз 2,8 млн сарро ташкил додааст, ки 3% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...