Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз “Мясокомбинат” то пули маҳалли 46-ум кай ба охир мерасад?

Дар Душанбе корҳои таъмиру навсозӣ дар кӯчаи Абулаҳад Қаҳҳоров (аз минтақаи маъруф ба "Мясокомбинат то пули маҳалли 46-ум), як масири серҳаракати мошинҳо дар пойтахт, идома дорад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, корҳои таъмиру навсозӣ соли 2026 ба охир мерасад, вале нагуфтанд, ки мушаххас дар кадом вақт – нимаи аввал, дуввум ё охири сол. Ба дархости "Азия-Плюс" аз Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе корҳои таъмиру навсозӣ дар кӯчаи Абулаҳад Қаҳҳоров (аз минтақаи маъруф ба "Мясокомбинат то пули маҳалли 46-ум), як масири серҳаракати мошинҳо дар пойтахт, идома дорад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, корҳои таъмиру навсозӣ соли 2026 ба охир мерасад, вале нагуфтанд, ки мушаххас дар кадом вақт – нимаи аввал, дуввум ё охири сол.

Ба дархости "Азия-Плюс" аз Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе дар робита ба ин масъала чунин посух доданд:

 

Ҷараёни ҳозираи корҳои сохтмон

Сохтмони роҳи автомобилгард дар кӯчаи Абулаҳад Қаҳҳоров дар 4 қитъа ҷараён дорад:

– Қитъаи аввал – аз бинои Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) то бинои ҶДММ “Бисот” дар масофаи 1460 метр;

– Қитъаи дуюм – дар масофаи 980 метр;

– Қитъаи сеюм – дар масофаи 790 метр;

– Қитъаи чорум – дар масофаи 1140 метр.

Ба гуфтаи ин ниҳод, айни замон дар се қитъа корҳо ҷараён доранд.

"Дар қитъаи аввал насби қубурҳои обу корези масоҳаташ 1200 мм ва қубурҳои оби нӯшокии 600 мм, насби хатҳои ноқилии равшанидиҳанда ва алоқа, сохтмони деворҳои такягоҳ ва асоси роҳ пурра ба анҷом расидааст", – гуфтанд аз раёсат.

Ҳамчунин, дар қисмати асосии роҳ, 700 метри он асфалтпӯш шудааст. Ин ҷо панҷ бригадаи сохтмончт кор мекунанд, ки ба гузоштани канораҳо, сафолҳои санги хорои роҳрав, насби сутунҳои равшанидиҳӣ ва корҳои бетонрезӣ машғуланд. Рӯзҳои наздик дар қитъаи аввал гузоштани бетони асфалтӣ дар ду қабат оғоз мешавад.

Дар қитъаи дуюм корҳои сохтмон пурра ба охир расида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон аллакай таъмин шудааст.

Дар қисматҳои сеюм ва чорум, насби таҷҳизоти равшанидиҳӣ, хати алоқа ва чоҳҳои обпарто идома дорад. Ҳамаи қитъаҳо бо техникаи зарурӣ, мутахассисон ва қувваи корӣ таъминанд.

 

Чаро муҳлатҳо ба вақти дигар гузаронида мешаванд?

Ҳарчанд корҳои таъмиру навсозӣ ҳанӯз соли 2023 оғоз шуд, вале муҳлати анҷоми он чанд маротиба ба таъхир андохта шуд. Сокинони мехоҳанд донанд, ки кай таъмири роҳ ба анҷом мерасад. 

“Ҳоло ҳама вайрон аст, роҳҳои ҳамшафат хеле сермошинанд. Донистан мехоҳем, ки  дар ниҳояти кор кай ҳамааш боз мешавад”, – мегӯяд яке аз сокинони шаҳр, ки дар наздикии ин роҳ зиндагӣ мекунад.

Бархе бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои ба дарозо кашидани таъмири роҳ, ҷалби начандон зиёди коргарон дар қитъаҳои ҷудогона аст.

“Ин ҷо агар техника ва одамони зиёдтар кор мекарданд, ҳамааш тезтар иҷро мешуд. Ба назар мерасад, ки коргарон каманд…”, – гуфт Акбар, яке аз сокинони ин кӯча.

Дар посух ба дархости "Азия-Плюс" сабабҳои тӯл кашидани корҳои сохтмонӣ зикр нашудааст, ҳарчанд мо дар ин бора пурсида будем.

 

Дар бораи лоиҳа

Корҳои таъмиру навсозии кӯчаи А.Қаҳҳоров моҳи марти соли 2023 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе оғоз шуд. Президент дастур дода буд, ки "корҳо хушсифат иҷро гардида, роҳ дар муҳлати 2,5 сол ба истифода дода шавад".

Тибқи лоиҳа роҳ аз 8 хат бо хатҳои ҷудогона барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе қитъаҳо иборат аст. Масофаи умумии роҳе, ки таъмиру навсозӣ мешавад, 6,6 километрро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар Душанбе лоиҳаи панҷ роҳи дусатҳа дар буришҳои асосии кӯчаҳо амалӣ мешавад:

– Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо пули гузариш дар болои дарёи Душанбе;

– Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қаҳҳоров;

– Абай ва Қаҳҳоров;

– хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ;

– Ҳабибулло Назаров ва Шерализода.

Мувофиқи талаботи байналмилалӣ, дар лоиҳа фароҳам сохтани шароит барои на танҳо автомобилҳо, балки дучархаронҳову пиёдагардон низ пешбинӣ шудааст.

Ҳозир танҳо як қитъаи кӯча кушода буда, боз се қитъаи дигар дар ҳолати гуногуни омодагӣ қарор доранд. Агар ҷадвал риоя шавад, соли 2026 пойтахт соҳиби кӯчаи муосир ва васеъшуда мегардад. Аммо муайян набудани муҳлатҳои дақиқу мушаххас саволҳоро ба миён меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.