Таҳрими 3 бонки Тоҷикистон аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо. Масъулини ин бонкҳо мегӯянд, ба корашон таъсир намерасонад

Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо (ИА) се бонки Тоҷикистон – Dushanbe City Bank, "Спитамен Бонк" ва "Коммерсбонк Тоҷикистон"-ро шомили бастаи нав (19-ум) таҳримҳои зидди Русия кард. Қарор дар сомонаи Шӯрои ИА нашр шуда, аз 12-уми ноябри соли 2025 мавриди амал қарор мегирад.

Дар рӯйхати таҳримҳо 12 бонку ширкатҳо аз кишварҳои сеюм, аз ҷумла ташкилоти молиявӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Гонконг, Чин ва Ҳиндустон дохил шудаанд.

Мувофиқи изҳороти расмии Шӯрои ИА, “онҳо дар нодида гирифтани таҳримҳои ИА иштирок карда, ҳамакнун амалиёти бонкӣ барояшон манъ мешавад”.

Ин чунин маъно дорад, ки баргузории ҳама гуна амалиёте, ки ба субъект ё ширкатҳои ИА дахл дорад, барои муассисаҳои молиявӣ манъ мешавад. Яъне ин ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо низоми молиявии Аврупо, аз ҷумла интиқол ва ҳисоббаробариҳоро бо евро маҳдуд месозад.

БМТ тадбир меандешад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.

“Айни ҳол, хизматрасониҳои бонкӣ барои муштариён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буда, дар реҷаи муқаррарӣ анҷом дода мешаванд. Амалиётҳои бонкии дохили кишвар, хизматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимабарномаҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти БМТ.

Аммо дар баробари ин, БМТ эътироф кардааст, ки "барои интиқолҳои байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд".

"Муштариён доир ба имконияти анҷом додани чунин амалиётҳо огоҳ карда мешаванд", – гуфтааст БМТ.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Таҳримҳо таъсири назаррас намерасонанд  

Дар Dushanbe City Bank ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки маҳдудиятҳои аз ҷониби ИА ҷоригардида ба фаъолияти бонк таъсири назаррас нахоҳанд расонид.

“Бонк бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ба хидматрасонии бетанаффус ба мизоҷон ва иҷрои ҳамаи уҳдадориҳо идома медиҳад. Ҳамаи амалиёти дохилӣ, инчунин интиқолу ҳисоббаробариҳо бо аксарияти асъорҳо бидуни маҳдудият сурат мегиранд”, – гуфтанд дар ин бонк.

Дар бонк зикр карданд, ки зимни анҷоми интиқолҳои фаромарзӣ бо евро ва дар самтҳои ҷудогона метавонанд баъзе душвориҳо ба миён оянд, “аммо бонк аллакай баҳри ба ҳадди камтарин расонидани он ва ҷустуҷӯи долонҳои ҷойгузини ҳамкорӣ чораҳо меандешад”.

Бонкҳо аз болои қарори таҳримҳо шикоят бурдан мехоҳанд

Дар Dushanbe City Bank ҳамчунин иттилоъ доданд, ки “сабабҳои ҷорисозии таҳримҳо нисбати як қатор муассисаҳо ҳоло дақиқ нестанд” ва онҳо ният доранд, ки барои шарҳу тавзеҳ ва эҳтимоли бозбинии қарорҳои мазкур, аз механизмҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ истифода баранд.

"Коммерсбонк Тоҷикистон» дар шарҳи худ ба "Азия-Плюс" қарорро беасос унвон карда, изҳор дошт, ки ният дорад онро ба баҳс кашад:

“Бонк қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои байнулмилалиро комилан риоя ва ба кори боэътимоду босубот идома дода, хидматрасонии доимӣ ба мизоҷонро таъмин мекунад.

Раҳбарияти бонк бо мақсади сари баҳс кашидани қарори мазкур тамоми чораҳои зарурӣ меандешад, аз ҷумла муроҷиат ба мақомоти салоҳиядор. Бонк изҳори итминон мекунад, ки ояндаи наздик масъала ҳаллу фасл шуда, фаъолияти муассиса шаффоф ва бехатар барои мизоҷону шарикон боқӣ мемонад”, – зикр карданд дар бонк.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...