Ифтитоҳи мактабу кӯдакистон, бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва коргоҳи истеҳсолӣ. Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Данғара

Имрӯз, 24-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мактабу кӯдакистони нав, бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва чанд иншооти гуногунро ба истифода додааст. Тибқи иттилои расмӣ, раисҷумҳур субҳи имрӯз, дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара мактаби №89-ро ифтитоҳ кардааст. Мактаб барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои […]

Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мактабу кӯдакистони нав, бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва чанд иншооти гуногунро ба истифода додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, раисҷумҳур субҳи имрӯз, дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара мактаби №89-ро ифтитоҳ кардааст.

Мактаб барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 4 синфхонаи ибтидоӣ, 5 синфхонаи фаннӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории омӯзгорон ва китобхона мебошад.

Дар китобхонаи мактаб зиёда аз 1500 адабиёти илмию бадеӣ гирд оварда шудааст. Ин муассиса бо дастгирии ҳукумат ва саҳми соҳибкорон бунёд шудааст.

 

Дар идома, бо ширкати роҳбари кишвар дар деҳоти Пушинги ноҳия чор гармхонаи нав ва як корхонаи парвандапарварӣ ифтитоҳ гардидааст.

Гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии Восеъ дар масоҳати 10 садяк замин аз ҷониби оилаи  Холматовҳо бунёд гардида, дар он 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Дар гармхонаҳо дар як сол ду маротиба кишти зироатҳо дар назар аст.

Корхонаи парандапарварии “Парандаи Пушинг” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои парвариши мурғ ва 40 ҳазор ҷӯҷа пешбинӣ шудааст.

Дар корхона фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта сохта шудааст.

 

Ҳамчунин, дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, бинои Қасри фарҳанг, ҷамоати деҳоти Пушинг ва муассисаи томактабии Гулистон ба истифода дода шудааст.

Қасри фарҳанг дар маркази деҳаи Пушинг дар масоҳати 1950 метри мураббаъ бунёд шудааст. Бино дорои толор бо 500 ҷойи нишаст, китобхона ва ҳуҷраҳои машқу тамрин мебошад.

Дар инҷо 50 мутахассиси соҳаи фарҳанг соҳиби кор  шудаанд.

 

Бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушинг дуошёнагӣ буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ ва як маҷлисгоҳ мебошад. Иншоот аз ҳисоби Диловар Шарифзода, соҳибкори маҳаллӣ дар масоҳати чор садяк замин бунёд гардидааст.

Муассисаи томактабии Гулистон аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия, барои таълиму тарбияи 300 кӯдак сохта шудааст. Дар кӯдакистон 29 нафар, ки 14 нафари онҳо мурабия ҳастанд бо кор таъмин гардидаанд.

Кӯдакистон дорои 16 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон будааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар деҳаи Пушинг муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и ба номи Қосим Сироҷ, ки аз ҳисоби соҳибкорон сохта шудааст, ифтитоҳ кардааст.

Муассиса барои таҳсили 2 ҳазору 160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 27 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва майдони футбол аст.

“Маврид ба таъкиди хос аст, ки то замони бунёди муассисаи нави таълимӣ қисми зиёди хонандагон 3-4 километр роҳро тай намуда, дар дигар мактаб таҳсил мекарданд”, – навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Таъкид шудааст ба омӯзгороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ барои дарс гуфтан дар мактаби деҳа ҷалб шудаанд, шароити зиндагӣ фароҳам гардидааст.

Ҳамзамон, раисҷумҳур дар ин деҳа, кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳро ба таври маҷозӣ ифтитоҳ кардааст. Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бино якошёнагӣ буда, дорои толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаи таълимӣ будааст. Таҳсил бо се  забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. 

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг 3 бинои дуошёнагии истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода додааст. Биноҳои истиқоматӣ аз ҳисоби соҳибкорони деҳа барои зиндагии 40 омӯзгори ҷавон бунёд шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло 11 омӯзгор аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони ВМКБ, ки донишгоҳро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд, соҳиби манзили истиқоматӣ шудаанд.

 

“Оянда 10 омӯзгор аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо тариқи озмун ҷалб шуда, дар ҳамин ҷой бо манзили зисти дорои шароити муосир таъмин мешаванд”,-гуфта шудааст дар хабари матбуот.

Ҳамчунин дар деҳаи Пушинг мавзеи нави саноатӣ ва корхонаҳои истеҳсоли макарон, қубурҳои пластикӣ, дӯзандагӣ ба истифода дода шудааст.

Дар ин корхонаҳо маводи ғизоӣ, намудҳои гуногуни либос ва қубурҳои пластикӣ истеҳсол мешаванд. Дар он 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Дар коргоҳи истеҳсоли макарон, ки 14 номгӯи маҳсулот тавлид мешавад 10 нафар бо кор таъмин шудаанд

Гуфта мешавад, ки коргоҳи қубурҳои пластикӣ, иқтидори дар як шабонарӯз истеҳсоли то 3 ҳазор метр қубурҳои пластикиро дорад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 85  духтарону занони деҳа бо кор таъмин шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон се рӯзи охир бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад ва дирӯз, 23-юми октябр дар ноҳияи Данғара ду бинои нави Донишгоҳи тиббӣ, чанд мактабу кӯдакистон, маркази саломатӣ ва чанд иншоотро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.