Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 18:00 дар мавзеи “Диёри Душанбе” филми фаронсавии “Бабри барфӣ” намоиш дода мешавад. Он бо коргардонии Мери Амиге ва Винсент Муниер таҳия шуда, дар нусхаи асл ва зернависи русӣ манзури тамошобинон мегардад. Филм дар доираи Ҷашнвораи филмҳои Фаронсавӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуда, вуруд ва тамошо озод аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон таъсис дода шуданд.

Соли 2008 – Дар Додгоҳи олии Лондон муҳокимаи парвандаи Корхонаи воҳиди давлатии алюминийи Тоҷикистон “ТАЛКО” аз сар гирифта шуд. Ин ширкат бар асари нақшае, ки роҳбарияти собиқи ширкат ба воситаи фасод амалӣ карда буд, садҳо миллион доллар зиён дида буд.

Соли 2011 – Хатти интиқоли нерӯи барқи 220-киловаттаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ расман ба истифода дода шуд.

Соли 2012 – Нақби автомобилгарди “Шаҳристон” байни Душанбе ва Хуҷанд расман мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2014 – Дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Соли 2015 – Ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор Чойхонаи миллии “Харбуза” дар Ҳисор, ки шакли харбузаро дорад, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Шириншоҳ Шоҳтемур, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон дар 37-солагӣ ба қатл расонида шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони ҷавон дар тақсимбандии Осиёи Миёна, бунёд ва сохтмони Тоҷикистон, таъсиси аввалин рӯзномаву нашрияҳои тоҷикӣ, мактабҳои миёна ва олӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои Тоҷикистони ҷавон, ки ҳамеша дар зери тазъиқу фишори пантуркистон қарор дошт, хидмати сазовор анҷом додааст.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ талоши Шириншоҳ барои эъмори давлатдории тоҷикон ва саҳмаш дар нигоҳдории тоҷикият бориз арзёбӣ мешавад. Ӯ дар ташкили якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – “Овози тоҷик”, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд, инчунин дар чопи аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои шӯравӣ хеле хидмат кардааст.

Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиби Шӯравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ будааст.

Бо вуҷуди талошу заҳмат баҳри пойдор кардани ҳукумати Шуравӣ ва дар сулҳу амон нигоҳ доштани мардуми тоҷик дар як рӯз зангулаи шӯҳрат аз задан монд ва фарзанди сарсупурдаи миллат ноҳақ душмани халқ эълон шуд. Ӯ аввал ба ҳабс гирифта шуда, ниҳоят 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расонида шуд.

Дар бораи корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар матлаби зерини “Азия-плюс”, ки соле пеш ба муносибати 125-солагиаш таҳия шуда буд, мутолиа кунед: “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон

Соли 1964 – Мавлуди Сахидод Раҳматуллозода, забоншиноси тоҷик, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сахидод Раҳматуллозода

Сахидод Раҳматуллозода, забоншиноси тоҷик ва аз мураттибони асосии “Энсиклопедияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон” буда, дар вазифаҳои роҳбарии ин самт низ фаъолият дорад. Ӯ аз соли 2022 роҳбарии Кумитаи забон ва истилоҳотро ба зимма дошта, қаблан директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Ӯ солҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дарс гуфта, то ба мақоми профессорӣ расид ва замоне муовини ректори ин донишгоҳ низ буд.

Соли 2023 – Усмонҷон Ғаффоров, муаррих, собиқ узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон вафот кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 27-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз аз ҷониби ЮНЕСКО барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳифз ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ таъсис ёфтааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мероси аудиовизуалӣ на танҳо як бахши муҳимми таърихи фарҳангии миллатҳост, балки гӯё “ҳофизаи зиндаи башарият” мебошад. Ба ин гуна мерос филмҳо, барномаҳои радио ва телевизион, сабтҳои аудио ва видео дохил мешаванд, ки лаҳзаҳои нодири таърихиро барои наслҳои оянда ҳифз мекунанд.

27 октябри соли 1951 аввалин маротиба дар таърихи тиб нурафкании радиатсионӣ истифода шудааст. Он дар Донишгоҳи Саскачеван (Канада) таҳти роҳбарии муҳаққиқ Гаролд Ҷонс барои мубориза бо варамҳои саратонӣ истифода шуд.

Ин иқдом оғози давраи нави табобати бемориҳои саратон гардид. Мақсади усули мазкур нобуд кардани ҳуҷайраҳои бемор мебошад, зеро радиатсия бештар ба ҳуҷайраҳое таъсир мекунад, ки мубодилаи моддаҳои онҳо фаъолтар аст. Ҳуҷайраҳои солими бадан нисбатан устувор буда, аз таъсири ҷиддии радиатсия эмин мемонанд.

Имрӯз терапияи радиатсионӣ яке аз се усули асосии табобати саратон дар баробари ҷарроҳӣ ва муолиҷаи доруӣ аст. Дар бисёр ҳолатҳо он имкон медиҳад, ки бемор пурра шифо ёбад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...