Муноқишаи бинокорони муҳоҷир дар Маскав: боздошти беш аз 80 нафар

Кормандони пулис зиёда аз 80 нафарро пас аз ҷанҷолу занозании оммавӣ дар яке аз ҳавлиҳои маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар Новая Москва (Маскави Нав) ба шуъбаи “Коммунарский” бурдаанд. Дар ин бора дар шабакаи Телеграм намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, 19 нафар ба гумони авбошӣ (қисми 2 моддаи 213 КҶ Русия) […]

Asia-Plus

Кормандони пулис зиёда аз 80 нафарро пас аз ҷанҷолу занозании оммавӣ дар яке аз ҳавлиҳои маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар Новая Москва (Маскави Нав) ба шуъбаи “Коммунарский” бурдаанд. Дар ин бора дар шабакаи Телеграм намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, 19 нафар ба гумони авбошӣ (қисми 2 моддаи 213 КҶ Русия) боздошт шуда, лағви шаҳрвандии 2 тан аз онҳо мавриди баррасӣ аст. Аммо онҳо шаҳрвандони кадом давлатанд, мушаххас нест.

Кумитаи тафтишот тибқи моддаи авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, зикр кардааст, ки бар асари муноқиша осебдидагон ҳастанд.

Нисбат ба 65 нафар мувофиқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Намояндаи ВКД илова намудааст, ки нисбати як қисми боздоштшудагон масъалаи ихроҷ аз кишвар бидуни ҳуқуқи вуруди такрорӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Шаҳрвандони хориҷиеро, ки нисбаташон ҷазои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ намешавад, мувофиқи қонунгузорӣ аз кишвар хориҷ мекунанд ва вурудашон минбаъд манъ мешавад. Татбиқи ин чора зери назорати раҳбарияти ВКД Русия қарор дорад”, – илова намудааст Волк.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ҷанҷолу занозании оммавӣ шоми рӯзи 25-уми октябр дар яке аз ҳавлиҳои маҷмааи истиқоматии "Прокшино" рух додааст.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, дар муноқиша бинокорони муҳоҷир иштирок кардаанд. Онҳо аз чӯбу бел ва поячӯбҳои аломатҳои роҳ истифода бурдаанд.

Сокинони маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки дар ҷараёни муноқиша шишаи тирезаҳои ошёнаи якуми биноҳо шикаста, автомашинаҳо осеб дидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.