Wildberries аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳоро дар Бадахшон ифтитоҳ мекунад

Таблиғ

Wildberries, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ин аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар минтақа ва баландтарин нуқтаи Wildberries дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад — он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Хидматрасонии нуқтаи нав барои тамоми вилоят – шаҳри Хоруғ, ҳафт ноҳия, чаҳор шаҳрак ва 42 ҷамоати деҳот пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, зиёда аз 150–180 ҳазор сокинони ВМКБ, ки ба интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз хидматрасониҳои Wildberries истифода баранд.

Барои муштариёни минтақа тамоми номгӯйи маҳсулоти Wildberries, ки дар Тоҷикистон дастрасанд, пешниҳод мешавад — миллионҳо намуди молу маҳсулот барои хона, либос, пойафзол, электроника, косметика ва ғайра.

Дастраскунии фармоиш ба шаҳри Хоруғ ройгон буда, муҳлати таҳвил ба ҳисоби миёна 7–8 рӯзро ташкил медиҳад. Мол бо нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас бо роҳҳои мошингард ба Хоруғ интиқол дода мешавад.

 

“Ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар Хоруғ як қадами муҳим дар рушди тиҷорати электронии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст. Мо шод ҳастем, ки сокинони Бадахшон акнун ба маҷмӯи васеи молҳо ва хадамоти роҳати таҳвил, ки аз сатҳи пойтахтҳо камтар нест, дастрасӣ пайдо мекунанд", —мегӯяд Хусрав Султонов, намояндаи ширкати DC Market, шарики Wildberries дар Тоҷикистон.

Wildberries моҳи апрели соли 2025 вориди бозори Тоҷикистон шуд ва ифтитоҳи нуқтаи хидматрасонӣ дар Бадахшон қисме аз стратегияи рушди инфрасохтор ва фароҳамсозии имкониятҳои нав барои харидорон дар минтақа мебошад.

Ширкат якҷо бо DC Market ният дорад, ки дар оянда 40 нуқтаи дастраскунии фармоишҳоро ифтитоҳ намояд. Ҳар сокини Тоҷикистон ҳам, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунад,  метавонад шарики Wildberries бошад.

Айни замон Wildberries дар даҳ бозор, аз ҷумла дар Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият дошта, инчунин бо фурӯшандаҳо аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...