Wildberries аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳоро дар Бадахшон ифтитоҳ мекунад

Wildberries, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод. Ин аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар минтақа ва баландтарин нуқтаи Wildberries дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад — он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир […]

Wildberries, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ин аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар минтақа ва баландтарин нуқтаи Wildberries дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад — он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Хидматрасонии нуқтаи нав барои тамоми вилоят – шаҳри Хоруғ, ҳафт ноҳия, чаҳор шаҳрак ва 42 ҷамоати деҳот пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, зиёда аз 150–180 ҳазор сокинони ВМКБ, ки ба интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз хидматрасониҳои Wildberries истифода баранд.

Барои муштариёни минтақа тамоми номгӯйи маҳсулоти Wildberries, ки дар Тоҷикистон дастрасанд, пешниҳод мешавад — миллионҳо намуди молу маҳсулот барои хона, либос, пойафзол, электроника, косметика ва ғайра.

Дастраскунии фармоиш ба шаҳри Хоруғ ройгон буда, муҳлати таҳвил ба ҳисоби миёна 7–8 рӯзро ташкил медиҳад. Мол бо нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас бо роҳҳои мошингард ба Хоруғ интиқол дода мешавад.

 

“Ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар Хоруғ як қадами муҳим дар рушди тиҷорати электронии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст. Мо шод ҳастем, ки сокинони Бадахшон акнун ба маҷмӯи васеи молҳо ва хадамоти роҳати таҳвил, ки аз сатҳи пойтахтҳо камтар нест, дастрасӣ пайдо мекунанд", —мегӯяд Хусрав Султонов, намояндаи ширкати DC Market, шарики Wildberries дар Тоҷикистон.

Wildberries моҳи апрели соли 2025 вориди бозори Тоҷикистон шуд ва ифтитоҳи нуқтаи хидматрасонӣ дар Бадахшон қисме аз стратегияи рушди инфрасохтор ва фароҳамсозии имкониятҳои нав барои харидорон дар минтақа мебошад.

Ширкат якҷо бо DC Market ният дорад, ки дар оянда 40 нуқтаи дастраскунии фармоишҳоро ифтитоҳ намояд. Ҳар сокини Тоҷикистон ҳам, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунад,  метавонад шарики Wildberries бошад.

Айни замон Wildberries дар даҳ бозор, аз ҷумла дар Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият дошта, инчунин бо фурӯшандаҳо аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.