Барои таҳсили ғоибона ва фосилавӣ. Даври чоруми бақайдгирии довталабон дар ММТ оғоз шуд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и Тоҷикистон шурӯъ аз дирӯз, 29-уми октябр, даври чоруми бақайдгирии довталабонро барои таҳсил дар шаклҳои ғоибона ва фосилавӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз кардааст. ММТ нуқтаҳои бақайдгирӣ ва замону макони имтиҳонсупорӣ, инчунин шартҳои қабули донишҷӯён дар ин давр ва ҳуҷҷатҳои заруриро маълум кардааст.

Ба иттилои ММТ, сабтином як моҳ, то 28-уми ноябр, идома карда, имтиҳонҳои қисми А (барои ҳама ихтисосҳо) рӯзи 7-уми декабр ва имтиҳонҳои қисми В (ихтисосҳое, ки дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус мебошанд) рӯзҳои 5-6-уми декабр баргузор мешаванд.

Манбаъ навиштааст, тибқи муқаррарот, дар давраи чоруми бақайдгирӣ танҳо ҷойҳои холимонда аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавӣ пешниҳод карда мешаванд.

 

Киҳо метавонанд дар ин давр иштирок кунанд?

Ба иттилои ММТ, дар давраи чоруми бақайдгирӣ шахсони зерин ҳуқуқи сабтином ва иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавиро доранд:

– шахсоне, ки боре ҳам худро дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ сабтином накардаанд;

– довталабоне, ки дар давраҳои як, ду ва сеюми бақайдгирӣ номнавис шуда, аммо дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд;

– довталабоне, ки дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштирок карда, ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;

– довталабоне, ки дар асоси тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва ё сеюм комёб шудаанд, аммо барои қабул дар донишгоҳу донишкадаи дахлдор ҳозир нашудаанд;

– довталабоне, ки дар асоси тақсимоти асосӣ ва такрории ҳамаи даврҳо аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб комёб шудаанд, вале бо сабаби гирифториашон ба бемориҳое, ки ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои олии тиббӣ намедиҳад, қабул нашудаанд.

 

Нуқтаҳои бақайдгирӣ

ММТ барои сабтином ва имтиҳонсупории довталабони ин давр дар 8 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои махсус муайян кардааст. Ба иттилои манбаъ, довталабон дар биноҳои бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни Данғара ва бахши минтақавии ММТ дар Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ таъин кардааст. Гуфта мешавад, довталабон рӯзҳои 5,6 ва 7-уми декабр дар ҳамин нуқтаҳо имтиҳон месупоранд.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

ММТ менависад, довталаби даври чоруми бақайдгирӣ бо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд ба яке аз нуқтаҳои дар боло зикршуда ҳозир шаванд. Барои сабтином ҳузури шахсии довталаб ҳатмист. Барои бақайдгирӣ дар ин давр бо ҳуҷҷатҳои зерин бояд ҳозир шуд:

– Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он. Барои шахсони то 16-сола шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо;

– Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;

– Шаҳодатнома (аттестат) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);

– Расид (квитансия)-и пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин “Бонки Эсхата” ва барномаи мобилии “Эсхата онлайн”;

– Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар мавҷуд бошад).

Довталабони ин давр низ имкон доранд то 12 ихтисоси писанди худро аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намоянд. Арзиши бақайдгирӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ аст. Агар довталаб баъди сабтином хоҳиши иваз кардани интихоби аввалаашро дошта бошад, имкон дорад то 28-уми ноябр, яъне анҷоми давраи сабтином интихобашро иваз кунад. Барои ин довталаб бояд 30 сомонии дигар пардохт кунад ва ба нуқтае муроҷиат кунад, ки худро сабтином кардааст.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад.

Давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз 1-уми март то 2-юми май баргузор гардид. Даври дуюми бақайдгирӣ аз 10 то 30-юми июн ва даври сеюм аз 2-юм то 13-уми сентябр идома кард. Дар умум, имсол дар се даври имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ 88 ҳазору 175 нафар донишҷӯ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...