Оғози давраи дуюми бақайдгирӣ дар Маркази тестӣ. Кӣ ва дар куҷо метавонад худро сабти ном кунад?

Имрӯз, 10-уми июн даври дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар оғоз гардид. Довталабоне дар давраи асосии бақайдгирӣ номнавис нашудаанд ва ё мехоҳанд, интихоби худро иваз кунанд, акнун имкон доранд, то 30-юми июн ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) пешниҳод кунанд. Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабти номи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми июн даври дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар оғоз гардид. Довталабоне дар давраи асосии бақайдгирӣ номнавис нашудаанд ва ё мехоҳанд, интихоби худро иваз кунанд, акнун имкон доранд, то 30-юми июн ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) пешниҳод кунанд.

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сабти номи довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт ба роҳ монда шудааст.

Номбурда иброз дошт, ки довталабоне, ки дар даври якуми бақайдгирӣ, ки аз 1-уми март то 2-юми май баргузор шуд, худро номнавис кардаанд ва интихоби аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд метавонанд, дар даври дуюми бақайдгирӣ интихобашонро тағйир диҳанд.

Довталабонро зарур аст ҳангоми азнавбақайдгирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ва рақами расиди худро пешниҳод кунанд. Аз довталабоне, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ номнавис кардаанд маблағи иловагӣ талаб карда намешавад.

Бо маконҳои бақайдгирӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дар тасвирбаёни мо шинос шавед:

“Дар ҳолатҳое, ки довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ даст кашидан мехоҳад, метавонад ба ММТ бо ариза дар шакли хаттӣ муроҷиат кунад. Танҳо дар давраи бақайдгирӣ имкони бозпас гирифтани маблағи пардохтшуда ба имтищонҳо мавҷуд аст”,-таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.

Ӯ гуфт, инчунин довталабоне, ки тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд имкон доранд, то 30-юми июл барои баргардонидани маблағи пардохтаашон ба ИМД муроҷиат кунанд.

“Довталаб барои бозпас гирифтани маблағи пардохтааш бояд бо ариза, ки дар он варақаи бақайдгирӣ ва маълумотнома аз шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия дар бораи тибқи квотаи президентӣ дохил шудани довлатаб ба донишгоҳу донишкада замима карда шудааст, ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намояд”,- гуфт Абдулбосит Шодиниё.

Тибқи иттилои ММТ, ба довталабоне, ки худро дар даври дуюми бақайдгирӣ номнавис кардаанд то 6-уми июл даъватнома бо маълумоти рӯзу соат ва макони баргузории имтиҳонҳо ирсол мегардад.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ дар умум 107 ҳазору 463 довталаб, з ҷумла 19 ҳазору 697 хатмкунандаи синфи 9 ва 87 ҳазору 866 нафар хатмкунандагони синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Нақшаи ММТ дар соли равон 113 ҳазору 884 ҷой мебошад.

Давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз 1-уми март то 2-юми май баргузор гардид.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.

Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД аз 2-юм то 13-уми сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Дар ин давра довталабоне, ки дар даври дуюм худро номнавис мекунанд имкон доранд бо пардохти 30 сомонӣ интихобҳои худро иваз кунанд.  

Дар давраи чоруми бақайдгирӣ, ки аз 29-уми октябр то 28-уми  ноябр идома меёбад маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.