Аз таъмини бехатарии фурудгоҳу роҳи оҳан то амалиёти зидди “Раҳмон-Гитлер”. Хотираҳои як генерал аз Ҳомиддин Шарипов

Зоиров Раҳмонқул, генерал майори милиса, собиқ сардори Раёсати нақлиёти ВКД

Ҳомиддин Шарипов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон замоне роҳбарии ин ниҳоди муҳимро ба уҳда гирифт, ки кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ буд, сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дуруст кор намекарданд. Дар чунин шароит, нақши мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба гурӯҳҳои муассалаҳ хеле чашмрас буд. Маҳз дар ҳамин айём, Ҳомиддин Шарипов вазири корҳои дохилӣ таъин шуд ва 10 сол ин ниҳодро роҳбарӣ кард.

Ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки рӯзи 10 –уми сентябр таҷлил шуд, генерал-майори милиса Раҳмонқул Зоиров, собиқ сардори Раёсати нақлиёти ВКД ва яке аз ҳамкорони собиқи Ҳомиддин Шарипов хотираҳои худро дар бораи давраи фаъолияти ӯ навишт, ки “Азия-Плюс” бо каме таҳрир онро нашр мекунад.

 

Фурудгоҳ

Ҳамкории ман бо Ҳомиддин Шарипов аз замони фаъолиятам ба ҳайси сардори Раёсати нақлиёти ВКД оғоз гардид. Сафари аввалини ӯро ҳамчун вазир ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хуб дар хотир дорам.

Дар охири солҳои 90-уми асри гузашта Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар фурудгоҳ тахминан 25% неруи гурӯҳҳои мухолифин ҷойгир шуда буданд. Инчунин, ҳудуди фурудгоҳ, махсусан аз ҷониби ноҳияи Рудакӣ кушода буд. Чунин вазъ барои таъмини амнияти комил халал мерасонид. Яъне фурудгоҳ барои таъмини бехатарии қабул ва гусели роҳбари давлат, вакилони мардумӣ ва дигар шаҳрвандон ҷавобгӯ набуд. Чунин ҳолат то охири соли 2001 давом кард.

Ҳомиддин Шарипов ба фурудгоҳ омад ва таъмини бехатарии фурудгоҳро баррасӣ карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастур дод ва чораҳои мушаххас андешид. Шоҳид будам, ки худи Ҳомиддин  Ҳасанович бо силоҳбадастон вохӯрда, ба онҳо дар робита ба бехатарии фурудгоҳ суҳбат мекард.

 

Қатор

Масъалаи дигар таъмини амнияти сафари мусофирон тавассути роҳи оҳан буд. Ин масъулият низ ба зиммаи Раёсати нақлиёти ВКД вогузор шуда буд. Бо дастури Ҳомиддин Шарипов тамоми масофаи роҳи оҳан — аз шаҳри Душанбе то сарҳади Ӯзбекистон таҳти назорати мақомоти милиса карор дода шуд. Яке аз таҷрибаҳо он буд, ки барои таъмини бехатарии роҳи оҳан ва пешгирӣ аз маводҳои тарканда, пеш аз қатораҳои мусофиркашон қатораҳои холӣ ва ё пур аз қум сафарбар карда мешуд. Танҳо баъд аз расидан ба нуқтаи охир ба қатораҳои мусофиркаш иҷозати ҳаракат дода мешуд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи тахассусии Ҳомиддин Ҳасанович зимни яке аз воқеаҳои таърихии дигар, мушоҳида гардид. Ин ба истифода додани роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Данғара – Кулоб буд, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин рӯз, Ҳомиддин Ҳасанович соати 4-и субҳ тамоми масъулинро ҷамъ карда, оид ба таъмини бехатарии қатораҳое, ки дар ин хатсайр ҳаракат мекарданд, супоришҳои қатъӣ дод ва шахсан назорат кард.

 

Амалиёти зидди “Раҳмон – Гитлер”

Воқеаи дигаре, ки бояд зикр кард, “Амалиёти зидди Раҳмон – Гитлер” (Раҳмон Сангинов, яке аз фармондеҳони саҳроие, ки дар атрофи Душанбе мустақар буд) буд. Он бо роҳбарии Ҳомиддин Ҳасанович 22-юми июни соли 2001 гузаронида шуд.

Ман он вақт муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД будам. Гузаронидани ин амалиёт саривақтӣ буд, зеро аҳолии осоишта аз беадолатӣ ва таҳдидҳои гурӯҳи ҷинояткори бо ном “Раҳмон – Гитлер” ба дод омада буданд. Ин гурӯҳи ҷинояткор аҳолиро ғорат ва ба амнияти ҷомеа таҳдид мекард. Зимни амалиёт таҷрибаи тахассусии Ҳомиддин Ҳасанович кор дод ва бо ҳадафи худ расид.

Бояд зикр кард, ки Ҳомиддин Ҳасанович дар давраҳои барои ҷумҳурӣ вазнин, солҳои 1996-2006 вазири корҳои дохилӣ буд. Вазъи ноороми ҷангӣ ва баъдиҷангӣ тақозо мекард, ки мақомоти милиса дар баробари дигар мақомоти қудратӣ бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад. Дар ин солҳо мақомоти милиса дар аксар маврид дар вазъияти “казармавӣ” қарор доштанд. Ҳомиддин Ҳасанович дар чунин ҳолат аз масъулин хоҳиш дошт, ки маоши кормандони милиса зуд ва пурра пардохт карда шавад. Ин албатта ғамхории беғаразонаи роҳбари ниҳод ба кормандон буд.

Дар бораи хислатҳои неки Ҳомиддин Шарипов, дӯстон ва ҳамкорон ба некӣ ёд мекунанд. Ӯ милисаи ҳақиқӣ, касбӣ ва содиқ буд. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барояш дар мадди аввал қарор дошт. Ҳамин буд, ки ӯ обрӯ ва эътибори ҳар як милисаи тоҷикро обрӯи худ медонист.

Фаъолият ва таҷрибаи ҳаётии ӯ намунаи мардонагӣ, поктинатӣ ва софдилӣ буда, ҳайати шахсӣ ӯро ҳамчун шахси кордон эҳтиром мекарданд.

Бояд гуфт, ки Ҳомиддин Шарипов беҳтарин рафиқ, дӯст ва ҳамкори содиқу донишманд буд. Шахсияте буд, ки то абад зикри хайри он кас дар ёди мо мемонад.

Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...