Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар кӯчаи сайёҳии ба номи Куруши Кабир, ки дирӯз дар боғи Куруши Кабири кушода шуд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ идома дорад.

Боздидкунандагон имкон доранд, аз соати 11:00 то 22:00 дар ин макон барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамои ҳунармандони кишварҳои гуногунро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

– Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" идома дорад. Он дирӯз, 11-уми ноябр оғоз шуда буд. Дар он доираҳои тиҷоратӣ аз 20 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ширкат доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1990 – Дар Душанбе бузургтарин Маркази ташхиси тиббии Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2006 – Дар бозори “Корвон”-и пойтахт сӯхтор сар зад. Ин сеюмин сӯхтори бузург дар ин бозор дар се соли охир буд.

Соли 2008 – Ширкати ҳавопаймоии "Tajik Air" нахустин ҳавопаймои “Boeing 757-200”-ро ба ихтиёр гирифт.

Соли 2014 – Парлумони Тоҷикистон қонуни нави гирдиҳамоиҳоро тасдиқ кард.

Соли 2015 – Ба хизматчиёни давлатӣ ҳузур дар масҷидҳо барои адои намози ҷумъа манъ гардид.

Соли 2015 – Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика созишнома ба имзо расид.

Соли 2018 – Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1895 – Мавлуди Нимо Юшиҷ, шоир ва мунаққиди маъруфи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нимо Юшиҷ

Ӯ аввалин гӯяндаи шеъри сафед дар Эрон буд. Номи аслиаш Алии Исфандиёрӣ буда, соли 1898 дар рустои Юш, ки тобеи Мозандарон буд, ба дунё омад. Ӯ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад.

Дар шеърсароӣ Нимо Юшиҷро ба худ тахаллуси адабӣ қарор дод. “Қиссаи рангпарида”, “Фарёди дигар”, “Анкабути зард”, “Дунё хонаи ман аст”, “Об дар хобгаҳи мӯрчагон” аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.

Нимо Юшиҷ 6-уми январи соли 1969 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1909 – Мавлуди Ибодулло Нарзиқулов, иқтисоддони тоҷик, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ибодулло Нарзиқулов

Ибодулло Нарзиқулов дар ташаккул ва рушди илмҳои иқтисодӣ ва ташкилоти давлатӣ дар нимаи дуюми асри ХХ нақши муҳим дорад. Ӯ соли 1935 Институти индустриалии Ленинградро хатм карда, аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то охири умраш зиндагияш бо кори илмӣ ва идорӣ сахт пайванд дошт.

Нарзиқулов солҳои 1941-1943 ёвари раиси Шӯрои комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон, баъдан (солҳои 1943–1946) раиси Госплани ҷумҳурӣ буд. Соли 1951 муовини сардори Раёсати бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС, аз соли 1954 то 1956 бошад, вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба дӯш дошт.

Сипас, ӯ ҳамчун муовини раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ (1956–1957), ноиби аввали президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони шуравӣ ва дар солҳои 1966–1968 иҷрокунандаи вазифаи президенти Академия фаъолият намудааст.

Дар баробари ин, Нарзиқулов аз соли 1966 то 1973 раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ӯ корҳои муҳим дар соҳаи банақшагирии иқтисодӣ ва рушди саноати ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.

Ибодулло Нарзиқулов 2-юми апрели соли 1974 дар синни 63 даргузашт.

Соли 1922 – Зодрӯзи Ибодат Раҳимова, арбоби давлатӣ ва сиёсӣ.

Соли 1938 – Зодрӯзи Сарвар Амирҷонов, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1953 – Мавлуди Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Як сол коромӯзи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ буд. То соли 1995 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИТ кор карда, барои кор дар дастгоҳи давлатӣ даъват мешавад.

Ҳамон сол мушовири калони президенти Тоҷикистон дар умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равобити байни миллатҳо таъйин мешавад. Дар соли 1998 муовини якуми раиси ҲХДТ ва соли 2001 муовини раиси МТС таъйин шуд. Қариб 20 сол аввал муовини раис ва баъдан ҳамчун муовини аввали раиси МТС кор карда, соли 2019 ба нафақа баромад. Ҳоло бо кори омӯзгорӣ машғул аст.

Соле пеш “Азия-Плюс” ба муносибати 70-солагии Сайфулло Сафаров бо ӯ мусоҳиба ороста буд, ки дар пайванди зерин мутолиа кунед: “Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд

Соли 1987 – Зодрӯзи Миршакар Ҷалолзода, сиёсатмадори тоҷик, вакили феълии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Соли 1990 – Бахтулҷамол Карамхудоев, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик дар 71-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтулҷамол Карамхудоев

Карамхудоев яке аз аввалинҳоест, ки бо таъсиси аввалин театри касбии Помир дар соли 1936 узви он буд ва ба ҳунарнамоӣ пардохт. Саҳми ӯ дар рушди театри Помир босазо арзёбӣ мешавад. Ӯ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 45 нақш офаридааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои маъруфи “Қишлоқи тиллоӣ”, “Майсара”, “Макр ва муҳаббат”, “Оршин мололон” ва ғайра.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 12-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо илтиҳоби шуш ё худ пневмония таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз бемориҳои хатарноки системаҳои нафас равона шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пневмония бемории сироятии шуш мебошад, ки бо илтиҳоби бофтаҳои шуш зоҳир мегардад. Ин беморӣ бештар кӯдакон, пиронсолон ва афроди дорои масъунияти заифро фаро мегирад. Одатан сабаби он метавонад вирусҳо, бактерияҳо ё занбӯруғҳо бошанд. Дар сурати муолиҷаи дер ё дастрас набудани ёрии тиббӣ, пневмония метавонад боиси оқибатҳои ҷиддӣ, ҳатто марг гардад.

Ин сана бо ташаббуси Эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи пневмонияи кӯдакон (Global Coalition against Child Pneumonia) дар тақвими байналмилалӣ сабт гардидааст.

12-уми ноябри соли 2014 як рӯйдоди таърихӣ дар ҷаҳони илм ва кайҳоншиносӣ сабт гардид. Дар ин таърих истгоҳи таҳқиқотии “Фила” (Philae) тавонист нахустин бор дар таърихи инсоният ба рӯи кометаи 67P/Чурюмова–Герасименко, ки аз сӯи олими тоҷик Светлана Герасименко кашф шудааст, нарм фуруд ояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин дастгоҳи хурд бахше аз асбоби таҳқиқоти кайҳонии “Розетта” (Rosetta) буд, ки онро Оҷонсии кайҳонии Аврупо (ESA) барои омӯзиши пайдоиш ва сохтори кометаҳо роҳандозӣ карда буд. Парвози “Розетта” 10 сол идома кард ва масофаи беш аз 500 миллион километр аз Заминро тай намуд.

Фуруди “Фила” бо вуҷуди мушкилоти техникӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва барои аввалин бор олимон тавонистанд аз рӯи сатҳи воқеии як комета  дар бораи таркиб, ҳарорат, зичӣ ва хусусиятҳои сатҳи он маълумоти илмӣ дастрас намоянд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 7+9º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...