Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми ҷаҳон хайрбод гуфт

Дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи Тоҷикистон дар охирин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон ҳам шикаст хӯрда, ин мусобиқаро тарк кард. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Буркина-Фасо дидор анҷом дода, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Ин рақобат дар кишвари Қатар сурат гирифт. Миллипӯшони навраси тоҷик дар ду […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи Тоҷикистон дар охирин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон ҳам шикаст хӯрда, ин мусобиқаро тарк кард.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Буркина-Фасо дидор анҷом дода, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Ин рақобат дар кишвари Қатар сурат гирифт.

Миллипӯшони навраси тоҷик дар ду бозии қаблии худ ҳам аз Амрико ва Чехия шикаст хӯрда буданд. Ҳамин тавр, дастаи мо бидуни ба даст овардани имтиёз ва бохт дар ҳама бозиҳо зинаи охири гурӯҳро касб карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. 

Наврасони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи “I” ҳамроҳ бо ҳамсолонашон аз Амрико, Чехия ва Буркина Фасо қарор доштанд.

Бояд гуфт, дар мусобиқа 48 даста дар 12 гурӯҳ қарор доранд. Дастаҳои зинаи якум ва дуюм, инчунин, 8 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюми гурӯҳҳо ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.