280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза сӯхтаанд ё зарар дидаанд. Мақомот сӯхтор дар бозори Панҷакентро шарҳ доданд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаби гузашта дар бозори "Гулистон"-и ҷамоати Матлуботи шаҳри Панҷакент, ки бо номи "латтабозор" маъруф аст, сӯхтор сар задааст.

Аз Шӯъбаи оташнишонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” гуфтанд, оташсӯзӣ худуди соати 22:10 рӯзи 12-уми ноябр аз даромадгоҳи бозор оғоз шуда, масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифта, соати 2:30 рӯзи 13-уми ноябр хомӯш карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Инстаграм навишт, ки дар бораи сӯхтор тахминан соати 22:33 хабар гирифта, барои хомӯш кардани он 7 нақлиёти оташнишонӣ ва 4 нақлиёти обкашонии муассисаи зертобеаш дар шаҳри Панҷакентро бо 87 ҳайати шахсӣ сафарбар кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мураба доман густурда, соати 02:30 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст.

“Дар вақти азназаргузаронӣ ҷойи ҳодиса муайян карда шуд, ки 280 нуқтаи фурӯши савдо дар зери соябонҳо қарор дошта ва 20 мағозаҳое, ки дар ҳамшафати бозор ба фурӯши молу ашёҳои рӯзғор ва либоса машғул буданд, сӯхта зарар диданд. Аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 миллион сомонӣ молу амволи бозори мазкур ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ наҷот дода шуд”, – навиштааст Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Ба навиштаи ин ниҳод, ҳоло сабаби сӯхтор таҳқиқ мешавад.

Бояд зикр кард, ки солҳои пеш ҳам дар бозорҳои кишвар сӯхтор сар зада буд ва дар аксар ҳолат, мақомот сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо гуфта буданд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...